01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Главная страница: НОВОСТИ Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев
ДОБРО ПОЖАЛОВАТЬ НА ВЕБ-СТРАНИЦУ МИНИСТЕРСТВО ОБОРОНЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Ulti Clocks content
Статистика
Сегодня124
В этом месяце5825
Всего105667

Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев

06.10.2017

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев суҳбати телефонӣ дошт.

Сарвазири Россия аз номи Ҳукумати кишвар ва аз номи худаш Сарвари давлати Тоҷикистонро бо зодрӯзаш табрик намуда, ба ӯ таманниёти нек баён кард.

Дмитрий Медведев саҳми шахсии муҳиму назарраси Эмомалӣ Раҳмонро дар густариши муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар асоси дӯстӣ, шарикӣ ва иттифоқчигӣ тазаккур дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия майлу рағбати мутақобилаи худро ба рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкории судманд дар ҳамаи арсаҳо ва шаклҳо собиту таъйид намуданд.

Ҷонибҳо дар он маврид ҳамақида буданд, ки тақвияти минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанбаи дуҷониба, тавсеаи робитаҳои байниминтақавию соҳибкории кишварҳо дархури манфиатҳои дарозмуҳлати Тоҷикистону Россия мебошад.

Суҳбати телефонӣ дар фазои самимияту эътимод сурат пазируфт.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

sugd.tj

МИНИСТР ОБОРОНЫ
РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛИ МИРЗО
Видео

Спорт