01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Home: NEWS ОҒОЗИ МАЪРАКАИ МУҲИМ
WELCOME TO THE WEB PAGE OF DEFENSE MINISTRY OF TAJIKISTAN
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Ulti Clocks content
Statistics
Today124
This month5825
Only105667

ОҒОЗИ МАЪРАКАИ МУҲИМ

27.09.2017

Аз якуми октябри соли равон даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз мегардад. Ба ин муносибат вазири мудофиаи кишвар генерал-лейтенант Шерали Мирзо бо комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷамъомад баргузор кард.

Дар ҷамъомад вазири мудофиа нахуст вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти боз ҳам беҳтар ва сифатан хуб ташкилу ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз иштирокчиён баҳри дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ муносибати ҷиддиро талаб намуд.

Ҳангоми баррасии масъалаҳо нахуст ба машғулиятҳои сафарбарӣ аз ҳисоби захираи шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта муайян намудани теъдоди мушаххаси онҳо, баланд бардоштани масъулият ва вазифаву уҳдадориҳои иштирокчиён дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг, сафарбарии техникаҳои хоҷагии халқ, дар пойгоҳи тамоми комиссариатҳои ҳарбӣ муҷаҳҳаз намудани нуқтаҳои идоракунӣ, тақвият бахшидани мудофиаи ҳудудӣ, тибқи талаботи оинномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ ташкили пайвастаи дарсҳои соҳавӣ, риояи тартиби дурусти ба бар намудани сару либоси низомӣ ва ғайра таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Вазири мудофиа бо ёдоварӣ аз муроҷиати шаҳрвандон ба унвонии ӯ таъкид намуд, ки ҳамкориро бо мардум ва аҳли ҷомеа боз ҳам ҷоннок намуда, дар тамоми комиссариатҳои ҳарбӣ бобати ҳали мушкилот ва дигар масъалаҳои ба даъват тааллуқдошта, шароити ҷойҳои махсуси қабули шаҳрвандонро боз ҳам беҳтар намоянд. Ҳамчунин вазири мудофиа Шерали Мирзо супориш дод, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ ба масоили омӯзиши даъватшавандаҳо, дуруст муайян кардани маҳали хизматии шаҳрвандони оиладор, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил мешаванд, таъмиру тармим намудани бинову иншооти комиссариатҳои ҳарбӣ, саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити зист, сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳаргуна қонуншиканиҳо, бахусус, ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва бо масъулияти баланд муносибат намудан дар самти иҷрои нақшаи даъватӣ бояд диққати ҷиддӣ равона карда шавад. Баъд аз анҷоми ҷаласа бо ҷалби комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ҷамъомади таълимӣ доир гардида, аз ҷониби сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовинони вазири мудофиа ва дигар афсарони масъул дар мавзӯъҳои гуногуни соҳавӣ дарсҳо гузаронида шуданд. Дар охир иштирокчиёни ҷамъомад аз рӯи мавзӯҳои муайяншуда санҷиш супурданд.

MINISTRY OF DEFENCE
OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

LIEUTENANT-GENERAL
SHERALI MIRZO
Video

Sport