Ба аввал: НАВИД ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ: БА ХИЗМАТ БЕҲТАРИНҲО ИНТИХОБ МЕШАВАНД
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Ulti Clocks content
Омор
Имрӯз10
Моҳ3626
Ҳамарӯза119706
Варзиш

Наворҳо

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ: БА ХИЗМАТ БЕҲТАРИНҲО ИНТИХОБ МЕШАВАНД

27.09.2017

Аз якуми октябри соли равон даъвати тиромаҳии шаҳрвандони солҳои таввалуди 1990 ва 1999-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз мегардад. Ба ин муносибат дар Кохи афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъвати шаҳру навоҳии мамлакат, ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомади муштараки ҷумҳуриявӣ нахуст фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати хизматро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба анҷом расонидаанд, мавриди баррасӣ ва натиҷагирӣ, қарор дода шуд.

Дар ҷамъомад, муовини сарвазири мамлакат-раиси комисияи давлатии даъватии ҷумҳуриявӣ Азим Иброҳим, сардорони раёсату хадамоти дахлдори Вазорати мудофиа ва Ситоди генералӣ, Сарпрокурори ҳарбӣ, масъулини вазоратҳои тандурустӣ, маориф ва илми ҷумҳурӣ, намояндагони сохторҳои қудратии мамлакат, муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, комисарони ҳарбии ҷумҳурӣ ва дигар масъулини мақомоти давлатии даъват ширкат намуданд. Иштирокчиёни ҷамъомад ҳар яке зимни баромади хеш сараввал даъвати солҳои пешинро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вобаста ба монеаю мушкилоти ҷойдошта, дар фаъолияти баъзе аз мақомоти масъулини даъватии шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ карданд.

Аз ҷумла, дар ҷамъомад қайд карда шуд, ки ҳамасола новобаста аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар пешравиҳои назаррас дар натиҷаи бемасъулиятиву хунукназарии баъзе аз комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо ҳамоно як қатор мушкилиҳо, аз қабили наомӯхтани шахсияти даъватшавандаҳо, дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ набудани баъзе аз шаҳрвандон, муоинаи нодурусти ташхиси тиббӣ, сари вақт ҳозир нагардидани ҷавонон ба комиссияҳои даъватӣ ва баъзе аз кирдорҳои коррупсионӣ ошкор гардидаанд, ки ин гуна ашхос аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шуда, нисбати онҳо ҷазоҳои қонуниро татбиқ намудаанд. Дар ҷамъомад ҳамзамон таъкид карда шуд, ки шумораи ҷавонони синну соли даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ хеле зиёд аст ва ин имконият медиҳад, ки аз байни ҷавонони ҳама табақаҳои аҳолии кишвар беҳтаринҳо ба хизматии ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд. Дар охири ҷамъомади мазкур бо мақсади бартараф намудани камбудиву монеаҳои дар боло зикргардида, баҳри дар сатҳи баланд ва бо сифати хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои минбаъдаи даъватӣ, иштирокчиёни ҷамъомад ва масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват бо супоришҳои мушаххас вазифадор карда шуданд.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО