01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Home: NEWS ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ САРПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ
WELCOME TO THE WEB PAGE OF DEFENSE MINISTRY OF TAJIKISTAN
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Ulti Clocks content
Statistics
Today124
This month5825
Only105667

ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ САРПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ

Имрӯз мақомоти Сарпрокуратураи ҳарбӣ ҳамчун ниҳоди назоратӣ фаъолияти хизматчиёни низомӣ ва иҷрои дақиқи қонуну тартиботи ҳуқуқиро дар ин самт ба танзим медарорад. Ин аст, ки таъмини волоияти қонун, ҳифзи субботу оромии ҷомеа ва дар айни замон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии афсарону сарбозон яке аз масъалаҳоест, ки кормандони ин ниход ҳамеша ба он таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

 

Масъулини ин ниҳод дар баробари он ки фаъолияти ҳаррӯзаи сохторҳои зертобеъ ва шуъбаҳои дар шаҳру вилоятҳои Ҷумҳурӣ қарордоштаи худро мавриди муҳокимаву барасӣ қарор медиҳанд, инчунин бо баргузор намудани ҷаласа ва шурои ҳамоҳангсоз бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва командирони қисмҳои низомӣ масъалаҳои вобаста ба иҷрои талаботи қонунҳо, оинномаҳои ҳарбию сарҳадӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуқуқвайрониҳои маъмуриву ҷиноятиро дар якҷоягӣ таҳлилу муҳокима карда, роҳу воситаҳои пешгирӣ, коҳиши амалҳои ҷиноятӣ ва усулҳои муассири таълиму тарбияро ба хизматчиёни ҳарбӣ пешниҳод менамоянд.

Дар ҷараёни он, инчунин аз натиҷаи тафтишоти ҷиноятҳои баамаломада ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки миёни хизматчиёни ҳарбӣ ба қайд гирифта шудааст, мисолҳо оварда баррасӣ менамоянд. Дар ин замина аз афсарону сарбозон даъват мегардад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ масъулиятшинос ва баҳри таъмини амнияти давлату миллат дар талош бошанд.

Дар тамоми қисму воҳидҳои низомӣ ва ҷузъу томҳои кишвар бо афсарону сарбозон вохӯрӣ доир намудан низ яке аз самтҳои фаъолияти густурдаи мақомоти Сарпрокуратураи ҳарбӣ мебошад. Онҳо дар ин вохӯриҳо бо сарбозон аз наздик шинос шуда, масоили вобаста ба роҳ надодан ба муносибатҳои ғайриоинномавӣ, риояи қонуну манфиатҳо ва поймол нагардидани ҳуқуқу озодиҳои шахсро баррасӣ менамоянд. Ин гунна вохӯриҳо бо хизматчиёни ҳарбӣ дар қисму воҳидҳои ҳама навъҳои қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳ анҷом дода мешаванд.

Масъалаи дигаре, ки кормандони мақомоти Сарпрокуратураи ҳарбӣ ҳамеша ба он таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, ин коҳиши амалҳои коррупсионӣ ва даст назадан ба он мебошад. Воқеан, кирдорҳои коррупсионӣ дар пиёда кардани самтҳои сиёсати давлатӣ, аз қабили рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, монеа эҷод менамояд. Он ба афкори ҷомеа низ таъсири манфӣ расонида, рӯҳияи созанда ва бунёдкоронаи мардумро баҳри фардои дурахшони Тоҷикистони азиз коста мегардонад. Инчунин дар идомаи ин вохӯриҳо аз хизматчиёни ҳарбӣ даъват карда мешавад, ки дар мубориза бо коррупсия набояд бетараф бошанд ва баҳри решакан ва муқовимати бештар бо ин зуҳуроти номатлуб талош намоянд.

Тағйиру иловаҳои воридгардида ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ яке аз мавзӯъҳои асосӣ дар ин машваратҳои корӣ ба ҳисоб мерафт, ки аз ҷониби кормандони ин ниҳод пайваста шарҳу тавзеҳи бештар дода мешуд. Онҳо қабули ин қонунро бо мақсади беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, пешгирӣ ва кам кардани хароҷоти барзиёд ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон маънидод намуданд.

Тероризму экстремизм, шиддат гирифтани манфиатхоҳии абарқудратҳо ва густариши гароиши ҷавонон ба гурӯҳу равияҳои ифротӣ низ аз масъалаҳои баррасишаванда дар вохӯриву машваратҳои масъулини мақомоти Сарпрокуратураи ҳарбӣ мебошад. Дар ин баробар моҳияти қонунҳои ҷорӣ доир ба фаъолияти сохторҳои низомӣ ва моддаҳои алоҳидаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иштироки шаҳрвандон дар низоъҳои мусаллаҳонаи хориҷиро шарҳу тавзеҳ дода, аз ҷазоҳои муқарраршуда нисбат ба ин ашхос ва ҳамзамон аз ҳаёти талху нангини онҳо нақл карда мешавад.

Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки маҳз самараи ташкили чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва гузаронидани ин қабил корҳои фаҳмондадиҳӣ боис гаштааст, ки имрӯз дар қисмҳои низомӣ сифати таълиму тарбия ва маърифати ҳуқуқии ҳайати шахсӣ беҳтар гардад.

MINISTRY OF DEFENCE
OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

LIEUTENANT-GENERAL
SHERALI MIRZO
Video

Sport