01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД ДАСТГИРИИ ПАЙВАСТАИ ЯТИМОН
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАСТГИРИИ ПАЙВАСТАИ ЯТИМОН

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоияти давлатӣ қариб дар ҳама самтҳои сиёсати давлатӣ ба дастоварду мувваффақиятҳои наззаррас ноил гардид, ки сиёсати иҷтимоии он яке аз самтҳои меҳварӣ дар назди роҳбарияти давлалату ҳукумат қарор гирифт. Дар ин давра бо амалӣ кардани барномаҳои гуногуни давлатӣ сатҳи камбизоатӣ дар кишвар коҳиш ёфт. Дастгирии оилаҳои камбизоат ва ятимону маъюбон бошад аз масъалаҳоест, ки ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан ба он барномаву стратегия ва қонуну санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таҳия ва қабул карда шудааст.

Имрӯз дар кишвар имтиёзу кӯмакҳои давлатӣ нисбат ба ятимону бепарасторон заминаҳои ҳуқуқӣ дошта, мувофиқи қонун давлат амалӣ намудани ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарасторро ба таҳсил кафолат медиҳад. Кафолати иҷтимоии давлатӣ дар шакли таъмини талабот ва ҳифзи иҷтимоии онҳо амалӣ карда мешавад. Ятимону бепарасторон ҳуқуқ доранд дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимии давлатӣ таълимӣ ройгон гиранд. Инчунин, давоми таҳсил дар муассисаҳои таълимии давлатӣ онҳо аз имтиёз ва кӯмакҳои дигар низ бархурдор мебошанд.

Маҳз, ҳамин асосҳои хуқуқӣ, дастуру супориш ва ғамхорихои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки феълан Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси фармони вазири мудофиа 20% квотаҳои қабули довталабон ба Донишкадаи ҳарбӣ ва Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаро барои қабули ятимону бепарасторон ва шаҳрвандони камбизоат баҳри таҳсил дар ин муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ҷудо намудааст. Маврид ба зикр аст, ки барои онҳо ҳангоми супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ аз ҷониби қомиссияи қабул низ имтиёзҳо муайян шудааст.

Айни ҳол, дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа 113 нафар ва дар Литсейи ҳарбӣ бошад 50 нафар ятиму бепарастор таҳсили илм доранд, ки аз инҳо 11 нафарашон ятими кул мебошанд. Соли ҷорӣ дар ин муассисаҳои таълимии ҳарбӣ 40 нафар ятимон ва бепарасторон ба таҳсили илм фаро гирифта шудаанд, ки онҳо дар таъминоти пураи давлатӣ қарор доранд. Дар миёни ин нафарон фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ низ ҳастанд, ки аз чунин имтиёзу ғамхориҳои хоса бархурдоранд. Ҳамзамон, дар арафаи иду ҷашнҳо аз ҷониби сарвари давлат ва Вазорати мудофиаи мамлакат онҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ ва кумакпулӣ ҳавасманд карда мешаванд.

Тибқи маълумоти пешниҳод намудаи роҳбарияти ин муассисаҳои таълимӣ давоми таҳсил курсантони ятиму бепарастор бо аёниятҳои зарурии хониш таъмин гардида, аз тарафи устодон таваҷҷуҳ ва диқати хосса нисбат ба ин гурӯҳи курсантон зоҳир карда мешавад, ки онҳо низ аз ин ғамхориҳо изҳори қаноатмандӣ доранд. Ин гурӯҳи курсантон дар баробари фаъолияти хуб нишон додан дар машғулиятҳои таълимӣ, инчунин соли равон дар мусобиқаҳои варзишии байни ҷузъу томҳои ВМ ширкати фаъол намуда, Донишкадаи ҳарбиро сазовори ҷойи аввал намуданд.

Бар асоси ҳамкорӣ ва робитаи густурдае, ки имрӯз Вазорати мудофиа бо донишгоҳу донишкадаҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷа дорад, қисми зиёди курсантони ятиму бепарастори Донишкатаи ҳарбӣ ва Литсейи ҳарбӣ дар давоми таҳсил ва пас аз хатм ба хориҷи кишвар ҷиҳати идома ва такмили ихтисос фиристода мешаванд. Онҳо дар муассисаҳои олии дохилу хориҷа соҳиби ихтиссоси зарурӣ гардида, бо донишҳои замонавӣ ва навовариҳои илмию техникии низомӣ фаъолияти касбии худро дар сафи ҚМ оғоз менамояд, ки имрӯзҳо хатмкардагони муассисаҳои олии ҳарбӣ аз ҳисоби ятимону бепарасторон дар қисму воҳидҳои ҳарбии ВМ ва дигар навъҳои қӯшуни ҚМ иҷрои вазифаҳои масъулиятнок доранд.

Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки айни ҳол ҳукумати мамлакат ятимону бепарасторонро ҳамчун ҷавонони ояндасози миллат дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар ба омӯзиши илму дониш фаро гирифта, мутахассисони касбиро барои бахшҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсӣ омода менамояд.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш