01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Home: NEWS Шароити хуби дидорбинӣ дар қисмҳои ҳарбӣ
WELCOME TO THE WEB PAGE OF DEFENSE MINISTRY OF TAJIKISTAN
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Ulti Clocks content
Statistics
Today124
This month5825
Only105667

Шароити хуби дидорбинӣ дар қисмҳои ҳарбӣ

27.09.2017

Сохтмон, таъмиру тармим ва азнавсозии бинову иншоот дар қисмҳои ҳарбӣ ва дигар ҷузъу томи Артиш миллӣ марҳила ба марҳила анҷом ёфта, ташаббусҳои нави созандаву бунёдкорона дар ин самт аз идомаи ҳадафҳои некбинонаи давлату ҳукумат дарак медиҳанд.

Вобаста ба ин бо ёдоварӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Артиши миллӣ дар мамлакат бояд зикр кард, ки дар он солҳо агарчи қисмҳои низомӣ дар заминаи боғчаи қудакон, муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншоотҳои таъиноти гуногун бидуни ҳеҷ як заминаи моддиву таълимӣ ташкил карда мешуданд, хушбахтона таи чанд соли охир низомиёни мамлакат таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар ба дастовардҳои зиёду арзанда ноил гардидаанд. Ва самараи он аст, ки имрӯз афсарону сарбозон дар мавзеи пешбурди хизмати пурмасъули худ дорои шароити хуби моддиву маишӣ ва хизмативу таълимӣ мебошанд.

 

Лозим ба ёдоварист, ки зимни як мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ роҳбарияти Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар баробари вазифадор гардидан ба иҷрои супоришҳои муҳими хизматӣ, аз қабили баланд бардоштани маҳорати касбии ҳайати шахсӣ, сатҳи омодагии ҷангӣ, тақвият бахшидани иқтидори ҳарбии нерӯҳои амниятиву мудофиавӣ, тартибу интизоми ҳарбӣ, волоияти қонуну тартиботи ҷамъиятӣ ва дар ин замина пешгирии ҳодисаву амалҳои террористиву экстремистӣ, инчунин ба иҷрои як қатор корҳои сохтмонӣ ва бунёду ба истифода додани хонаҳои дидорбинӣ дар назди қисмҳои низомӣ вазифадор гардида буданд.

Масъулини соҳа доир ба амалинамоии ин дастури Пешвои миллат, ки ҳадафи баланд бардоштани ҳолати ахлоқиву равонии ҳайати сарбозон ва муносибату наздикии падару модарон бо маҳалли хизмати фарзандонашонро аз худ таҷассум мекунад, хулосаҳои амиқу зарурӣ бароварда дар маҷлисҳои машваратии хеш бо ҷалби ҷузъу томҳои сохтмонӣ ҳолати ташкилу таъмин ва сохти ягонаи ин гуна хонаҳоро дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ муайян ва тасдиқ намудаанд.

Аллакай давоми як соли охир ин қабил корҳо дар пойгоҳи бисёре аз қисмҳои ҳарбии тобеи вазорат, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисму воҳидҳои низомии навъҳои қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳ пурра ба анҷом расида, дар дигар қисмҳои ҳарбӣ бошад корҳои сохтмонӣ бо маром ҷараён доранд. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ соли дуюм аст, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ хонаҳои қубули волидайн дар назди қисмҳои низомӣ ба истифода дода мешаванд. Хонаҳо бо тамоми шароити зарурӣ омода ба истифодаи падару модарон ва оилаҳои сарбозон буда, онҳо бо шукргузорӣ ва бо азму талоши нав ба ин халқу сарзамин хизмат менамоянд.

Хонаи дидорбинии сарбозони десантчиёни ватан, ки чанд рӯз қабл дар остонаи солгарди Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, бо тарҳи инфрасохтори наву замонавӣ бо маблағи беш аз 150 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, дорои ҳуҷраҳои зисти сарбоз бо ҳамсараш ва аъзои оилаҳои онҳо мебошад, ки дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ низ дар дохили бино ҷойгир карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки дар ин рӯзҳо сохтмончиёни Баталиони сохтмонии Вазорати мудофиа низ хонаи дидорбинии волидайнро дар назди қисми низомии худ бо сарфаи 100 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифодаи падару модарони сарбозон, ки онҳо аз гарнизонҳои ҷумҳурӣ ва минтақаҳои дурдасти кишвар ба дидобинии фарзандонашон меоянд, қарор додаанд.

Бинои мазкур вобаста ба ҳадафу самти хизматрасониаш аз ҳуҷраҳои гуногун ва шароити муосири зист иборат буда, дар муддати се моҳ сохта шудааст.

Ҳамаи ин хонаҳо бо қувваи худи ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ бунёду таъмир карда шуда, дорои шароити ҳозиразамон мебошанд, то ки нафарони наздик ба сарбозону сержантон ҳангоми аёдати фарзандону пайвандони муҳофизи хеш бо истифода аз имконоти васеи хизматрасонӣ бо сарбозон мулоқоту сӯҳбат ва дидорбинӣ анҷом диҳанд.

Хизматчиёни ҳарбӣ аз чунин иқдому ташаббусҳои созандаи Роҳбарияти давлат, ки дар таваҷҷӯҳ нисбат ба ҷавонони ҳимоятгари ватан ва аъзои оилаҳои онҳо амалӣ карда шудааст, хуш истиқбол намуда, дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо омодаи иҷрои вазифаҳои муҳиму махсусиятноки хизматӣ дар назди модар-ватан мебошанд.

MINISTRY OF DEFENCE
OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

LIEUTENANT-GENERAL
SHERALI MIRZO
Video

Sport