01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Home: NEWS Таъйиноти кадрӣ
WELCOME TO THE WEB PAGE OF DEFENSE MINISTRY OF TAJIKISTAN
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Ulti Clocks content
Statistics
Today124
This month5825
Only105667

Таъйиноти кадрӣ

27.09.2017

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунанда ва воҳидҳои сохтории Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонов Акрам бо сабаби ба нафақа баромаданаш, Паноев Суҳроб ва Воҳидов Фарҳод бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифаи муовинони Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.

Бо қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алихонов Зубайдулло, Мирзоев Нусратулло ва Мирзонаботов Алишер — муовинони Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.

Ҳамчунин бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғиёсов Ҷумъахон аз вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Бегназаров Амирбек муовини якуми Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд.

Тағйироти кадрӣ ҳамчунин дар раёсатҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе амалӣ гардид.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

sugd.tj

MINISTRY OF DEFENCE
OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

LIEUTENANT-GENERAL
SHERALI MIRZO
Video

Sport