Ба аввал: НАВИД Комисариати ҳарбии шаҳри Истаравшан – робита бо ҷомеа
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Ulti Clocks content
Омор
Имрӯз10
Моҳ3626
Ҳамарӯза119706
Варзиш

Наворҳо

Комисариати ҳарбии шаҳри Истаравшан – робита бо ҷомеа

Масъулини Комисариати ҳарбии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд вохӯрии хешро бо иштироки падару модарон, ҷавонони сину соли даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва аҳли ҷамоатчигии ин минтақа ташкилу роҳандозӣ намуданд. Албатта, мақсад аз он омодаги барои даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ мебошад.

Зимни ин вохӯрӣ масъулин суханронӣ намуда, падару модарон ва ҷавононро ҳушдор доданд, ки хизмат ба халқу ватан вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, ҳар як ҷавони комилҳуқуқ ва солимақлро зарур аст, вазифаи шаҳрвандии худро дар назди халқу ватан адо намояд.

Бояд қайд кард, ки Комисариати ҳарбии шаҳри Истаравшан бо Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ҳамкории қавӣ дошта, дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷавонони сину соли даъватиро омода менамоянд. Зеро хазмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Артиши миллии мамлакат ба ҳар як ҷавонмард ифтихору шараф аст.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО