Ба аввал: Навид Ҷамъомади шаҳрвандони дар эҳтиёт буда
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз296
Дирӯз349
Моҳ4325
Ҳамагӣ233125
Наворҳо

Форум

Ҷамъомади шаҳрвандони дар эҳтиёт буда

Ҷамъомади сафарбарӣ аз тарафи Комисариати ҳарбии ноҳияи Рудакӣ дар пойгоҳи яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа бо ҷалби зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони дорои касбу кори гуногуни дар қайд буда, баргузор гардид. Ба онҳо аввал, аз ҷониби афсарони ботаҷрибаи ин Комисариати ҳарбӣ машғулиятҳои назариявӣ оид ба тарзу восита ва хусусиятҳои асосии истифодаи силоҳи сабуки ҷангӣ фаҳмонида шуда, моҳияту усули бехатарии истифодаи онро нишон доданд. Ҳамзамон ба шаҳрвандон бо назардошти вазъи ҳарбӣ-сиёсии имрӯзаи ҷаҳон муҳимият ва зарурати ташкилу баргузории ҳамин гуна ҷамъомадҳои таълимӣ, низ фаҳмонида шуд. Дар идома онҳо, аз навъҳои гуногуни силоҳи ҷангӣ оташфишонӣ карда, таҷрибаи худро ҷиҳати маҳву нобуд сохтани душман афзун намуданд.

Бояд гуфт, ки ин шаҳрвандон намояндагони қишри гуногуни ҷомеа буда, дар ҳолати зарурати даъват ба сафи ҚМ дар замони ҷанг омодаанд, баҳри ҳифзи марзу бум, тамомияти арзӣ, пойдории сулҳу субот ва истиқлолияти давлатии ҶТ сина сипар намоянд.

Мақсад аз гузаронидани ин гунна тамринҳои оташфишонии низомӣ бо шаҳрвандони мулкӣ, ин пеш аз ҳама мустаҳкам намудани робитаи ҷомеа бо Қувваҳои мусаллаҳ дар замони осоишта ва заминагузорӣ намудан баҳри эҳтимоли зарурати даъват дар вақти ҷанг мебошад, ки ин шаҳрвандон бо дарки баланди вазифаи шаҳрвандӣ ва маърифати волои худшиносию худогоҳии миллии хеш ҳамчун як бахши Артиши миллии кишвар баромад менамоянд.

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо