01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД Вохӯрии намояндаи Ҳукумати Шоҳмансур бо афсарону сарбозон
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии намояндаи Ҳукумати Шоҳмансур бо афсарону сарбозон

Чанде пеш вохӯрии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо афсарону сарбозони Полки таъминотӣ ва идоракунии Вазоарти мудофиа ташкилу ба роҳ монда шуд. Зимни вохӯрӣ масъулин меҳмононро ба ин мактаби мардонагӣ хушомад намуда, тарбияи насли ҷавони кишвар дар рӯҳияи ватандӯстиро вазифаи муҳими ҳар як фарди ҷомеа арзёбӣ намуданд. Сипас, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ин ноҳияи пойтахт, зимни баромади худ дар назди хизматчиёни ҳарбӣ аз дастовардҳои 26-соли соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ёдоварӣ намуда, ба ин муносибат ҳамаи ҳайати шахсиро шодбош гуфтанд. Ва зимнан таъкид карданд, ки ҷавонони ватанро зарур аст дар ҳама ҳолат баҳри муҳофизати ин сарзамин ва ҳар як порча хоки он омода бошанд.

Ин гуна вохӯриҳо аз ҷониби масъулини сохтору идораҳои алоҳида пайваста бо ҷалби хизматчиёни ҳарбии Артиши миллии мамлакат ташкилу гузаронида шуда, мақсад аз он пеш аз ҳама баланд бардоштани рӯҳияи ҳарбӣ - ватандӯстии ҳайати шахсӣ мебошад. Зеро рӯҳияи баланди хизматӣ асоси омодагӣ дар муҳофизат ва мудофиаи халқу ватан мебошад. Дар фарҷоми чорабинӣ суруду мусиқиҳои ватандӯстонаи сарбозон таъби меҳмонон ва ҳамхизматонашонро болида гардонид.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш