Home: News Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today335
Week2924
This month6988
Only213582
Video

Forum

Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои заминаи мустаҳками техникӣ ва ҷомеаи меҳнатии корозмуда буда, дар сафи худ садҳо ҳазор аъзои ихтиёриро муттаҳид менамояд. Ниҳоди мазкур барои Қувваҳои Муссалаҳи кишвар ҳазорон нафар ҷавонони синни даъватиро соҳибкасб намуда, ба ҳифзи Ватан равона намудааст. Ҷиҳати тайёрии тодаъватии ҷавонон бошад, маҷмӯи тадбирҳои тарғиботӣ ва ҳарбӣ-варзиширо амалӣ мекунад, ки моҳияти ватандӯстӣ дорад. Имрӯз Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нерӯи тавонои эҳтиётии Артиш, мактаби мардонагию ватанпарастӣ, боргоҳи мутахассисони ҳарбиву мулкӣ ва манбаи рушди намудҳои ҳарбӣ- техникии варзиш табдил ёфта, дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ бо инфрасохтори муҷаҳҳази моддӣ-таълимӣ ва ҳарбӣ-варзишӣ соҳиб гардидааст.

Мактабҳои муттаҳидаи техникӣ ва автомобилии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа барои тайёр намудани мутахассисон ба хизмат дар сафҳои ҚМ аз ҳисоби ҷавонони аз комисариатҳои ҳарбӣ роҳхатгирифта, махсус гардонида шудаанд. Афзалияти ин иқдом дар он аст, ки даъватшавандагон аз ҳисоби маблағгузории давлатӣ соҳиби тахассус гашта, минбаъд онро ба нафъи артиш истифода мекунанд. Натиҷаҳои фаъолият дар ин самт собит мекунад, ки бо шарофати ин иқдом муассисаҳои таълимии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа нақшаи муқарраршударо иҷро намудаанд.

Айни ҳол аз ҷониби роҳбарияти ташкилот вазифагузорӣ шудааст, ки сифати омодасозии мутахассисон барои эҳтиёҷоти артиш боз ҳам боло бардошта шуда, номгӯи ихтисосҳо аз рӯи зарурат ба хизмати ҳарбӣ муайян карда шаванд.

Ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони соҳибмалака дар муассисаҳои таълимии тобеи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа баланд бардоштани сифати таълим мавзӯи асосӣ ва ҳалкунанда аст. Зеро сифати баланди омодасозии мутахассисон барои эҳтиёҷоти Қувваҳои Муссалаҳ ҷумҳурӣ вазифаи аввалиндараҷа ба шумор рафта, омили муҳими таъминоти иқтидори мудофиавии Ватани маҳбубамон ба шумор меравад.

Гузариш ба усули электронии омӯзиш дар муассисаҳои таълимии ташкилот аз нахустин қадамҳост, ки ба роҳ монда шудааст. Қобили қайд аст, ки таълим дар ин самт аз маҷмӯи дастгоҳҳои соҳавӣ, аз қабили мултимедиапроэктор, барномаи литсензияшудаи компютерӣ, дастгоҳи таълимии омӯзишии ронандагӣ ва дигар қисмҳои иловагӣ иборат буда, дар муасисаҳои таълимии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷорӣ намудани чунин амалҳои наҷиб пешравиҳо дида мешавад.

Мактаби вилоятии муттаҳидаи техникии вилояти Хатлон аз ҷумлаи он мебошад, ки дар миёни муассисаҳои таълимии ташкилот дорои пойгоҳи моддӣ-техникии васеъ ва мукаммал аст. Имрӯз дар ин мактаб ду синфхонаи намунавии таълим бо назардошти талаботи барномаи амалкунандаи таълимӣ ва талаботи замони муосир ташкил карда шуда, дар истифодаи касбомӯзон қарор дорад.

Маврид ба зикр аст, ки мақсади ягонаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, омодагӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои Муссалаҳ, далерию чолокӣ ва мардонагию зиракии сиёсӣ, тарбия намудани ҷавонони бо нангу номуси миллат аст. Аз ин рӯ, кормандони он тамоми донишу малака ва истеъдоди хешро ба ин мақсад равона менамоянд.

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform