01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД Ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони ватан» дар ноҳияи Шаҳритуз
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони ватан» дар ноҳияи Шаҳритуз

Чанде пеш дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон вохӯрии намояндагони ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони ватан» бо шаҳрвандони дар эҳтиёт буда, ҷавонони синну соли даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва аҳли ҷамоатчигии ин вилоят ташкилу ба роҳ монда шуд.

Мақсад аз он, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон, дар тафакури онҳо ҷой намудани муҳимияти хизмати ҳарбӣ ва ҳамзамон ташаккули рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстии онҳо мебошад. Зимни вохурӣ масъулин ҷавононро ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват намуда, аз онҳо инкишофи додани маърифати ҳукуқӣ ва зиракии сиёсиро талаб намуданд.

Ҳамзамон, дар мавзуъҳои гуногун, аз қабили гаравидани ҷавонон ба ҳаргунна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, даст назадан ба дигар амалҳои номатлуби ҷомеа ва дар ин замина эҳтиром ба арзишҳои милливу таҳкими истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуда, аз ҳар як шаҳрванди комилҳуқуқ омодагии ҳамаҷониба ва баҳри ободии ватани азиз саҳмгузор бошанд.

Инчунин, масъулин аз дастовардҳои замони соҳибистиқлол ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки имруз ҷавонон бояд омӯзиши илмҳои асосии замон ва муҳофизати марзу бумро пешаи кору пайкори худ намуда, дар пешрафту шукуфоии ин сарзамин саҳмгузор бошанд, зеро ҷавонон ояндасози миллату давлат мебошанд. Бояд гуфт, ки ингуна вохӯриҳо агар аз як тараф ба дарки моҳияти ватандорӣ ва худшиносии онҳо мусоидат намояд, аз ҷониби дигар метавонад ба ояндасозӣ ва афкори созанда дар ободии ватани азизу маҳбуб саҳми муаасир гузоранд.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш