Дар ҷамъомади масъулини Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат дар баробари таҳлилу баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти агентӣ, инчунин бо иштироки намоянда аз Кумитаи дин, анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ тағйиру иловаҳои нави ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» воридшуда мавриди баррасӣ ва шарҳи бештар қарор дода шуд.

Аз ҷумла зикр карда шуд, ки ҳадаф аз ворид намудани ин тағйиру иловаҳо ба танзим даровардани сарфу хароҷоти зиёдатии ҷашну маъракаҳо ва бо ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволиии мардум мебошад.

Дар идома масъулини зерсохтор ва сардорони корхонаю хоҷагиҳои агентӣ вобаста ба самти фаъолияти худ ва корҳои анҷомдода дар давоми соли ҷорӣ маълумот доданд, ки он мавриди муҳокимаи роҳбарият қарор гирифт. Мувофиқи иттилои масъулин соли равон ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳо ва афзоиши саршумори чорво назаррас мебошад, ки ин метавонад дар таъмини беҳтари хизматчиёни ҳарбӣ бо маҳсулоти гӯштиву ширӣ мусоидат намояд.

Яке аз масъалаҳои дигаре, ки дар машварати мазкур мавриди таваҷҷуҳи ҳозирин буд, ин захира намудани хӯрока ва омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ ва таъмини саривақтии қисму воҳидҳои ҳарбии ҚМ бо маҳсулоти ниёзи аввалия буд.

Бояд гуфт, ки имрӯз масъулияти таъминоти сохторҳои қудративу низомии ҷумҳуриро ба лавозимоти хӯрока ва дигар амволи шайъӣ АТАМ ба зима дорад, ки ҷиҳати ноил гардидан ба таъминотӣ пурра аз имкониятҳои нави истеҳсолӣ истифода мебаранд.