Ба аввал: Навид Фаъолияти яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чун аксари ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯҳҳои сарбафалаккашида ва қаторкӯҳҳои доманадор фаро гирифтааст, афсарону сарбозони мустақар дар минтақаҳои кӯҳсори кишвар бо назардошти шароит ва вазъи ҷуғрофии маҳалли хизмат фаъолияти ҳаррӯзаи худро ба роҳ мемонанд. Бо ин мақсад гурӯҳи эҷодӣ роҳ пеш гирифтем, ба яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа дар гарнизони Суғд, ки дар шароити кӯҳсору ҷангалзор фаъолият мекунад. Дар ин қисми низомӣ ба афсарону сарбозон тамоми шароитҳои моддии техникӣ фароҳам оварда шудааст, ки ин имкон медиҳад онҳо машғулиятҳои рӯзмараи худро муваффақона ва дар сатҳи зарурӣ амалӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки афсарону сарбозони ин воҳиди ҳарбӣ машқҳои амалӣ-тактикии худро вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии қисми низомӣ дар шароити кӯҳистону саҳро, махсусан ҷангалзор мегузаронанд, ки мо шоҳиди яке аз ин гунна тамринҳои саҳроии ҳайати шахсии он гаштем. Субҳи барвақт ҳайати шахсии ин қисми низомӣ бо бардоштани садои бонги хатар вобаста ба вазифаву уҳдадориҳои ҳарбӣ вазифагузорӣ карда шуда, дар асоси нақшаи тарҳрезишуда ба тарафи машқгоҳ бо техникаҳои ҳарбӣ ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ ҳаракат карданд. Афсарони ботаҷриба роҳу усулҳои муҳориба ва бар зидди душманони шарти истодагарӣ карданро ба сарбозон фаҳмониданд. Дар машғулиятҳои амалӣ-тактикӣ сарбозон маҳорати хуби касбӣ нишон дода, кушиш намуданд, то ки дар чунин шароит душманони шартиро маҳв созанд.

Ин гуна машғулиятҳо аз сарбозон чусту чолокӣ, зиракиву ҳушёрӣ ва иродаи қавиро тақозо мекунад, ки онҳо бо истифода аз роҳу усулҳо нави санъати ҳарбӣ ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ омодагӣ мегиранд.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Рӯзномаи “Ҳомии Ватан”

ДАР ИН ШУМОРА:

1. ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

2. БАҲРАБАРДОРӢ АЗ ПАЁМ

3. САМАРАИ ДУ СОЛИ ХИЗМАТ

4. БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ

5. ҶАМЪОМАДИ АМАЛИЁТӢ- САФАРБАРӢ

6. САНҶИШИ МАҲОРАТ

7. БЕ ПИР МАРАВ...

8. РИОЯИ ОДОБИ МУОШИРАТ-АСОСИ ТАРБИЯ

9. ҚАДАМ БА СОЛИ БАРОРҲОИ НАВ