Ба аввал: НАВИД Тирпаронии донишҷӯёни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Ulti Clocks content
Омор
Имрӯз10
Моҳ3626
Ҳамарӯза119706
Варзиш

Наворҳо

Тирпаронии донишҷӯёни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон

Феълан дар баробари муассисаҳои олии ҳарбӣ, инчунин дар чанде аз донишгоҳҳои олии кишвар кафедраҳои ҳарбӣ фаъолият мекунанд, ки ба омода кардани афсарони эҳтиёт барои Қувваҳои Мусаллаҳ машғул ҳастанд.

Дар ин муассисаҳои таълимӣ донишҷӯён дар баробари мутахассиси соҳаи интихобкардааш шудан, ҳамзамон дар доираи нақшаи таълимии кафедраҳои ҳарбӣ ҳамчун ихтисоси иловагӣ хусусият ва нозукиҳои илми ҳарбиро аз худ менамоянд.

Ин аст, ки дар асоси нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ донишҷӯёни хатмкунандаи Кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҳои назарявии ҳарбии аз устодон омӯхтаро дар қисму воҳидҳои ҳарбии Вазорати мудофиа дар амал татбиқ менамоянд.

Дар ин замина бо ҷалби донишҷӯёни ин муассисаи олии кишвар ҷамъомади сафарбарӣ бо оташфишонӣ аз силоҳҳои гуногуни ҳарбӣ гузаронида шуд. Ба онҳо нахуст аз ҷониби афсарони ботаҷрибаи ин Кафедраи ҳарбӣ машғулиятҳои назариявӣ оид ба тарзу восита ва махсусиятҳои асосии истифодаи силоҳи сабуки ҷангӣ фаҳмонида шуда, моҳияту усули бехатарии истифодаи онро нишон доданд. Дар идома онҳо аз навъҳои гуногуни силоҳи ҷангӣ оташфишонӣ карда, таҷрибаи худро афзун намуданд. Бояд гуфт, ки ин донишҷӯён пас аз хатми Донишгоҳ ва гирифтани билети ҳарбӣ дар комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зисти худ ҳамчун афсарони эҳтиёт ба қайд гирифта шуда, захираи эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил медиҳанд.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО