Ба аввал: Навид Самти ақибгоҳ дар гарнизони Суғд
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз262
Дирӯз571
Моҳ5553
Ҳамагӣ222761
Наворҳо

Форум

Самти ақибгоҳ дар гарнизони Суғд

Таъминоти моддии ҷузъу томҳо ва фароҳам овардани шароити хуби хизматию маишии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт иқдому ташаббусҳои наҷибе роҳандозӣ мегардад.

Ин аст, ки қисмҳои низомии гарнизони Суғд бевосита аз таъминоти ақибгоҳ вобастагии қавӣ доранд. Аз ин лиҳоз, масъулин барои беҳтар гардонидани шароити маишии хизматчиёни ҳарбӣ чораҳои судмандеро амалӣ менамоянд. Таъминоти афсарону сарбозони ин воҳиди низомӣ бо маводи ғизоӣ ва сарулибоси ҳарбӣ асосан аз ҷониби Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Ба ғайр аз ин, ҳар як қисми низомии ин гарнизон дар тобеъияти худ хоҷагиҳои ёрирасон доранд, ки сарбозонро бо маҳсулоти полезиву кишоварзӣ таъмин менамояд.

Ҳамзамон хоҷагии ёрирасони ҳарбии гарнизони Суғд маҳсулоти кишоварзӣ, картошка, пиёз, карам, сабзӣ ва дигар номгӯи маҳсулоти полезиро дар заминҳои тобиати худ ва назди қисмҳои низомӣ кишт намуда, барои нашъунамои он пайваста чораҳои зарурӣ меандешанд. Ба гуфтаи масъулин нисбат ба соли гузашта, имсол ҳосилноки дар сатҳи баланд қарор дорад.

Умед аст, ки дар оянда низ хоҷагиҳои ёрирасони қисмҳои ҳарбии гарнизони Суғд, баҳри боз ҳам зиёд намудани чунин заминҳои ёрирасон ва ба ин восита беҳтар гардонидани шароити хизматию маишии афсарону сарбозон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо