01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД Оғози навбатии Мактаби прапоршикон
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оғози навбатии Мактаби прапоршикон

Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ пуррагардонии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа бо мутахассисони касбӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, таъминоти кадрӣ ҳамеша зери таваҷҷӯҳи масъулини роҳбарикунандаи Вазорати мудофиа қарор дорад.

 

Мактаби омодакунии прапоршикон бо фармони Вазири мудофиа аз 17 январи соли 2014 таъсис дода шуда, аз аввали моҳи феврали ҳамон сол раванди таълиму тарбия дар он оғоз гардид. Омӯзиш дар ин мактаб аз руйи 8 ихтисоси муҳими ҳарбӣ 4 моҳ давом карда, бо мақсади ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба хизмати ҳарбӣ ва баҳри пурагардонии вазифаҳои холии прапоршикӣ дар сафи Артиши миллии кишвар ташкил карда шудааст. Сарбозони шомилшуда ба ин мактаб пас аз идомаи таҳсил ва аз худ намудани махсусияту нозукиҳои тахассуси интихобкарда соҳиби шаҳодатнома ва рутбаи прапоршикӣ мегарданд.

Бояд гуфт, ки мактаби прапоршиконро аз замони ташкилшавиаш то имрӯз зиёда аз 800 нафар сарбозони лаёқатманд хатм намуда, айни ҳол онҳо мувофиқ ба тахассуси гирифта дар тамоми қисму воҳидҳои низомӣ дар вазифаҳои гуногуни прапоршикӣ фаъолият намуда истодаанд ва ӯҳдадориҳои масъулиятноки ҳарбиро ба зимма доранд.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш