01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД Лаҳзаҳои фарҳангию фароғатии афсарону сарбозон
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Лаҳзаҳои фарҳангию фароғатии афсарону сарбозон

Дар тамоми қисму воҳидҳои ҳарбии Артиши кишвар сарбозон дар баробари ба ҷо овардани вазифаву уҳдадориҳои ҳарбӣ инчунин дар асоси нақшаи муайяншудаи харрӯза ба машғулиятҳои варзишӣ ва лаҳзаҳои фарҳангиву фароғатӣ ҷалб карда мешаванд.

Сарбозони яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои хушкигард дар гарнизони Суғд пайваста чунин лаҳзаҳоро бо ҳамсафони худ бо рӯҳияи болида ва шодию хурсандии беҳадду канор мегузаронанд, ки инро метавон аз лаҳзаи суруду таронахониҳои ин гурӯҳи сарбозон дар васфи ватан-модар мушоҳида намуд. Замзамаи суруд яке аз осори пурғановати адибони классик буду сифатҳои ҳамидаи инсониро дар худ таҷассум мекард, дигаре бошад доир ба сарчашмаи ҳаёт, яъне модар ва бузургии Ватан суруд мехонд, ки ин ҳама ба қавли онҳо аз меҳру муҳабат нисбат ба ин сарзамин ва зебогиҳои диёр сарчашма мегирад.

Ингуна маҳфилҳо ба сарбозон агар аз як тараф рӯҳу илҳоми тоза бахшад, аз ҷониби дигар миёни онҳо дӯстиву бародарӣ, омӯхтани санъат ва фарҳанги миллӣ мебошад. Ҳамин гуна маҳфилҳо пайваста аз ҷониби афсарону сарбозон гузаронида мешавад, ки онҳо донишу маҳорат, санъати сарояндагӣ ва ҳунару истеъдоди худро сайқал медиҳанд.

Барои сарбозон дар ин воҳиди низомӣ тамоми шароитҳои моддию маишӣ ва омӯзишӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон, сарбозон бештари машғулиятҳои худро дар синфхонаҳои омӯзишӣ гузаронида, дар амал тадбиқ намудани онро дар майдончаи назди қисми низомӣ аз худ мекунанд. Инчунин сарбозон қадамзанӣ ва дигар нозукиҳои ҳарбиро аз рӯи супоришҳои афсарони ботаҷриба аз худ намуда, зимни хизмати ҳаррузаи ҳарбӣ кушиш менамоянд, ки хамагуна вазифаву уҳдадориҳои базимагузошташударо сарбаландона баҷо оранд. Зеро иҷрои бечунучарои талаботу қоидаҳои махсуси рафтор дар раванди хизмати ҳарбӣ аз меъёрҳои оинномаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бармеояд, ки сарбрзонро ба масъулиятшиносӣ ва дарки дурусти вазифаҳои хизматӣ водор мекунад.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш