Home: News Истиқлолияти давлатӣ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today161
Week799
This month4652
Only202733
Video

Forum

Истиқлолияти давлатӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ сохтори идории худро соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демократию дунявӣ эълон намуда, роҳҳои расидан ба ҳадафҳои стротегиро пеш гирифт ва татбиқу амалӣ намудани ин хадафҳои бузург давра ба давра амалӣ карда мешаванд. Албатта, дар ин ҷода саҳми Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарафманду соҳибтамаддуни тоҷик бузург аст. Зеро халқи тоҷик бо бардошт аз таърихи гузашта мақом ва муҳимияти истиқлолияти давлатиро дақиқан дарк намуда, иттиҳоду дастаҷамъона баҳри эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таҳкими пояҳои давлатдории навин камари ҳимат баст.

Дастоварди беназир ва бебаҳое, ки миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба он мушарраф гардид, ин ташаккули худшиносии миллӣ ва бедории фикрии мардум дар заминаи омӯзишӣ таъриху фарҳанг ва осори пурғановати ниёгон мебошад. Зеро миллати тоҷик бо эҳё кардани суннату анъанаҳои миллӣ дубора ба гузаштаи асли хеш рӯ оварда, ҳадафҳо ва стратегияи рушду инкишофи минбаъдаи бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии худро бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум таҳия ва амалӣ кард.

Дар шароити феълии афзоиши тазоду манфиатхоҳии абарқудратҳо ва густариши терроризму экстремизм, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ наметавонад аз пайомаду хатарҳои он дар канор бошад. Аз ин лиҳоз, мо хизматчиёни низомӣ ва ҷомеаи кишваррро зарур меояд, ки даргириву нобасомониҳои кишварҳои ҷангзадаро муҳокимаву баррасӣ намуда, баҳри рушду тарақӣ ва ҳифзи арзишҳову дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ҳамеша дар талош ва мубориза бошем.

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform