01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД БОЗ ЯК МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БОЗ ЯК МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Испечаки-2, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боз як иншооти муҷаҳҳази варзишию фароғатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

 

Иншоот бо дастуру супоришҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи нақша - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Вазорати мудофиаи мамлакат бунёд карда шуд.

Дар расми ифтитоҳи майдончаи муҷаҳҳази варзишӣ, ки «Муҳофиз» номгузорӣ гардидааст, роҳбарияти Вазорати мудофиаи кишвар, намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуда, аз бунёди чунин як макони обутоби рӯҳу тан барои сокинон ва ба хусус, кӯдакону наврасони ин гӯшаи пойтахт изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Иншооти мазкур дар масоҳати зиёда аз 600 метри мурабаъ бунёд ёфта, аз майдончаҳо барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол, майдончаи бозию дилхӯшии кӯдакон, нишастгоҳҳо барои истироҳату фароғати сокинон, гӯшаҳо барои бозиҳои варзишии кӯдакон иборат аст.

Қобили зикр аст, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ Вазорати мудофиаи кишвар тибқи лоиҳаи таҳиянамудаи Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе барои шаҳрвандони кӯчаи Бинокорони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт низ дар масоҳати 980 метри мурабаъ як майдончаи муҷаҳҳази варзишӣ, сохта мавриди истифода қарор дода буд.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш