Ба аввал: Навид МУЖДАИ ИДОНА
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз55
Дирӯз300
Моҳ5146
Ҳамагӣ184755
Наворҳо

Форум

МУЖДАИ ИДОНА

Ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Вазорати мудофиаи кишвар ҷамъомади тантанавӣ ороста шуда,

ҳамзамон дар ҳама ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ва муассисаҳои таълимии ҳарбии тобеи ин ниҳоди қудрати чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва варзишӣ баргузор гардиданд.

Ҷамъомади бошукӯҳи идона ба муносибати таҷлили 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар, тибқи қавоиди доимии низомиён бо ворид намудани парчами давлатӣ, байрақи ҷангӣ ва баъд аз садо додани суруди миллӣ оғоз гардид.

Нахуст, вазири мудофиаи мамлакат Шерали Мирзо дар назди ҳозирин баромад карда, аз комёбиҳои ин ниҳоди қудратӣ, ғамхориҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ дар самти рушду таҳкими Артиши миллӣ ва дигар дастовардҳое, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии кишвар низомиён ба он муваффақ гаштаанд, изҳорӣ андеша намуд.

Дар ҳамоиши идона аз вазъи мураккаби солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ, таъсисёбии Артиши миллӣ, ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ дар роҳи барқарор намудани сохти кониститутсионӣ, таҳкиму пойдории сулҳу амонӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷомеаи навин ва боз ҳам густариш ёфтани ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Вазорати мудофиа бо кишварҳои ба мо ҳампаймон изҳорӣ андеша карда шуд. Имрӯз аз сарбози қаторӣ то хизматчиёни ҳарбии олирутба дар ҷодаи иҷрои рисолати бузургу пуршараф-таҳким ва таъмини пойдории сулҳу субот, ҳифзи фазои осоиштаи ҳаёти мардумони Тоҷикистон ва ҳимояи ҳама комёбиву дастовардҳои беназири истиқлолияти давлати, омодагии баланди ҷангиро доро мебошанд. Ва ба савганди ёдкардаи худ ҳамеша содиқанд.

Сипас чанд нафар аз хизматчиёни ҳарбии Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ дар назди ҳозирин баромад карда, Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу суботи сартосарӣ, ҳаёти осоиштаи мардумон ва пешрафти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсиву низомӣ ва фарҳангии кишварро арзиши олӣ арзёбӣ намуданд.

Дар фуроварди маҷлиси тантанавӣ аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чанд нафар аз хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа мукофотҳои давлатӣ ва бо фармони вазири мудофиаи кишвар ба низомиёни пешқадам ин мақомоти баландпояи қудратӣ медалу Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо