01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД ФЕСТИВАЛИ «ТРУБА МИРА» ДАР ЧИН
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФЕСТИВАЛИ «ТРУБА МИРА» ДАР ЧИН

Фестивали оркестрҳои ҳарбии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай таҳти унвони «Труба мира-2017»яке аз чорабиниҳои фарҳангии байнидавлатиест, ки ҳамасола дар яке аз давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай доир мегардад. Имсол бошад, Фестивали чоруми оркестрҳои ҳарбии давлатҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии мардумии Чин бо тантана ва намоишҳои нави эҷодии аркестрҳои кишварҳои созмон баргузор гардид, ки дар он оркестрҳои ҳарбӣ-нафасии Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин иштирок доштанд.

Дар ин чорабинӣ аркестри ҳарбӣ-нафасии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳунармандон ва санъаткорони оркестҳои ҳарбии Вазорати мудофиа ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамрохӣ намуданд. Ҳунармандони ҳарбии тоҷик то замони сафар ба шаҳри Шанхай гурӯҳи муттаҳидаи худро ташкил намуда, ҷиҳати муаррифии санъати ҳарбӣ-нафасии тоҷик дар шаҳри Шанхайи бо омодагии ҷиддӣ дар ин фестивал ширкат намуданд.

Махсусан, лаҳзаи ҳунарнамоии оркестри ҳарбӣ-нафасии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оҳангу мусиқиҳои ҳарбиро дар омехтагӣ бо санъати миллӣ пешниҳоди сокинону меҳмонони ин кишвари ба мо дӯст намуданд, аз ҷониби тамошобинон хеле самимӣ пазируфта шуд.

Рӯзи дуюм фестивали «Труба мира-2017» дар майдони ЭКСПО-2010-и шаҳри Шанхай оғоз гардид, ки ширкаткунандагони фестивал дар фазои кушод бо марши тантанавӣ ва навозиши асбобҳои ҳарбӣ- нафасӣ сокинони шаҳри Шанхайро бо ҳунару маҳорат ва намоишҳои таҳиянамуда шоду болида гардониданд. Аз рӯҳияи тамошобинон маълум буд, ки онҳо ба ҳунарнамоии ширкаткунандагони фестивал бо тавваҷӯҳ ва муҳаббати хоса менигаристанд. Мусиқӣ ва савту наво натанҳо инсонҳоро болидавушодком мегардонад, балки он миллату халқиятҳоро бо ҳам пайванд дода, ба таъриху фарҳанг ва санъату ҳунари якдигар ошно мегардонад .

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш