01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД Рӯзи дониш дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи дониш дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа

Норасоии мутахассисони касбӣ дар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои низомии кишвар аз масъалаҳои ҳалталаби соҳа дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб мерафт.

Хушбахтона, ба шарофати Истиқлолияти комили сиёсӣ ва пойдории ваҳдати миллӣ дар мамлакат ин мушкилот давра ба давра аз байн рафта, дар баробари омода гардидан дар мактабҳои ҳарбии хориҷи кишвар, инчунин имрӯзҳо афсарони баландихтиссоси низомӣ дар муассисаҳои олии ҳарбии дохилӣ кишвар низ омода карда мешаванд. Гурӯҳи беш аз 200-нафараи шомилшудагон ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон, ки чанд рӯз қабл бо тантана Савганди ҳарбӣ ёд намуда буданд, ҳамакнун рӯзи аввали машғулиятҳои таълимии худро бо бардошт аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба муносибати Рӯзи донишу дарси сулҳ тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизонӣ ироа гардид, оғоз намуданд.

Баъд аз анҷоми ин қисмати анъанавии чорабинӣ дар рӯзи аввали хониш ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ, афсарону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи мазкур бо тартибу низоми муқаррарӣ дар майдони баргузории ҷамъомад саф ороста, бо садо додани Суруди миллӣ ва даровардани байрақи ҷангӣ ҳамчун рамзи ифтихори ватандорӣ ба маросими тантанавӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Нахуст вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шерали Мирзо ҳайати шахсии Донишкадаи ҳарбиро бахшида ба оғози соли нави таҳсил ва рӯзи дониш дар доираи дарси сулҳ, ки ҳамасола дар остонаи таҷлил аз солгарди Истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифта мешаваду соли равон бошад ба 26-солагии ин санаи муҳими таърихи давлатдорӣ рост омадааст самимона табрику муборакбод намуд. Роҳбарияти Вазорати мудофиа зимнан аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи самтҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ёдоварӣ намуда, ҳамасола ба истифода додани бинову иншооти ҳозиразамони таълимиро дар арафаи соли нави хониш аз таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои доимии Пешвои миллат арзёбӣ карданд, ки мақсад аз он тайёр намудани кадрҳои ҳамқадами замон мебошад. Чуноне зикр гардид, дар кишвари мо рӯзи дониш барбари дарси сулҳ арзиши бузург дорад. Аз ин рӯ, бо баҳои хубу аъло, интизоми намунавӣ таҳсил намудан ва дар оянда ҳамчун мутахассисони арзанда тарбия ёфтану барои ободии ватани азизи худ содиқона хизмат намудан чун ҳамешагӣ таъкиди масъулини ин ниҳоди қудратӣ буд.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш