Home: News Рӯзи дониш дар Литсейи ҳарбӣ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today340
Week2929
This month6993
Only213587
Video

Forum

Рӯзи дониш дар Литсейи ҳарбӣ

Соли нави хонишро ҳайати устодону курсантони Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа имсол дар собиқ бинои Академия Вазорати корҳои дохилӣ оғоз намуданд.

Бахшида ба ин сана бо иштироки устодону толибилмон ва ҳайати роҳбарии Вазорати мудофиа дар ин муассисаи таълимии ҳарбӣ низ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.Нахуст сардори Ситоди генералӣ, муовини якуми вазири мудофиа курсантони ин муассисаи таълимиро бо оғози соли нави хониш табрику муборакбод намуда, илму дошишро раҳнамои ҳамешагии ҳар як фард дар зиндагӣ донист ва таъкид намуд, ки ҳеҷ як бахши фаъолияти ҳаёти инсониро бе омӯзиши илмҳои замона ва техникаи ҳозиразамон тассавур кардан ғйриимкон аст. Ҳамзамон аз онҳо даъват намуд, ки чун муҳофизони фардои Ватан дар роҳи интихобкардаи худ собитқадам ва баҳри омӯзиши нозукиҳои соҳаи низомӣ ҳамеша дар талош бошанд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар рӯзи аввали соли нави хониш дар тамоми муассисаҳои таълимии оливу миёнаи кишвар дарси сулҳ гузаронида мешавад. Воқеан сулҳ ҳамчун бузургтарин сармояи маънавии ҷаҳон барои мардуми сайёра беш аз ҳарвақта муҳиму мубрам гаштааст. Маҳз бо назардошти ҳамин муҳимияту рӯзмарагӣ ин мавзӯъ дар рӯзи якуми соли нави хониш матраҳ мешавад. Мардуми шарифи тоҷик имрӯз арзиши сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро дақиқан дарк намуда, мехоҳанд насли оядаи миллатро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои умуминсонӣ ва пос доштани муқаддасоти миллӣ тарбия намоянд.

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform