Ба аввал: Навид Ярмаркаи молу маҳсулот дар Вазорати мудофиа

Ярмаркаи молу маҳсулот дар Вазорати мудофиа

Солҳои охир ташкили ярмаркаҳои молу маҳсулоти кишоварзӣ дар арафаи ҷашну идҳои милливу давлатӣ мақоми хоса пайдо кардааст.

Аз ин рӯ, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, генерали артиш Эмомали Раҳмон оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии аҳолии кишвар, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбӣ, ҳафтаи равон масъулини соҳаи ақибгоҳии Вазорати мудофиа ярмаркаи фурӯши молу маҳсулотро ташкилу ба роҳ монданд. Асоси ярмаркаи навбатиро маҳсулоти кишоварзӣ, донагиву полезӣ, гӯшт ва навъҳои меваҷоту сабзавот ташкил медод, ки он бо нархи арзону дастрас пешниҳоди хизматчиёни низомӣ ва сокинон гардонида шуд.

 

Бояд қайд кард, ки маҳсулоти он рӯз дар фурӯшбударо масъулини ақибгоҳии Вазорати мудофиа аз ҳисоби заминҳои хоҷагии ёрирасони қисмҳои ҳарбии навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар ҷузъу томҳо дастрас намудаанд. Агар ташкили ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ аз як тараф барои беҳтар намудани зиндагии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ манфиатовар бошад, аз ҷониби дигар он ба сарфаи буҷаи низомиён ва сокинони пойтахт мусоидат менамояд. Зеро арзиши маҳсулоти ярмаркаи мазкур нисбат ба нархи бозор арзонтар буд.

Интизор меравад, ки чунин ярмаркаҳо аз ҷониби масъулини Вазорати мудофиа минбаъда низ пайваста ташкил карда шуда, дар доираи идома аз ин ҳадаф ҳарчӣ бештар сокинони кишвар ва хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо маҳсулоти хушсифати полезиву кишоварзӣ таъмин карда мешаванд.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Рӯзномаи “Ҳомии Ватан”

ДАР ИН ШУМОРА:

1. ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

2. БАҲРАБАРДОРӢ АЗ ПАЁМ

3. САМАРАИ ДУ СОЛИ ХИЗМАТ

4. БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ

5. ҶАМЪОМАДИ АМАЛИЁТӢ- САФАРБАРӢ

6. САНҶИШИ МАҲОРАТ

7. БЕ ПИР МАРАВ...

8. РИОЯИ ОДОБИ МУОШИРАТ-АСОСИ ТАРБИЯ

9. ҚАДАМ БА СОЛИ БАРОРҲОИ НАВ