Ба аввал: Навид Ҷоми вазир – футбол миёни наврасон

Ҷоми вазир – футбол миёни наврасон

Бахшида ба 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дарёфти «Ҷоми вазири мудофиа» ҳафтаи сипаригашта мусобиқаи варзишӣаз намуди футболи хурд миёни наврасони солҳои таваллуди 2004-2006

дар варзишгоҳи Клуби марказии варзишии артиши ВМ баргузор гардид.Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои наврасони Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ, Мактаби кӯдаконаи наврасони захираи олимпии «Солор», «Барқчӣ» ва «Локоматив» иштирок доштанд. Дар оғози чорабинии варзишӣ масъулин қайд намуданд, ки тайи солҳои охир аз ҷониби давлату ҳукумат ба наврасону ҷавонон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда шуда, баҳри солимии ҷомеа ҳамеша мусобиқаҳои варзишӣ ташкил карда мешаванд.

Ба гуфтаи ҳозирин имрӯзҳо варзишгарони навраси тоҷик дар чандин мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, бо гирифтани ҷойҳои намоён ба ватан бармегарданд. Дар ин мусобиқаи варзишӣ ҷои аввалро дастаи Мактаби ҷумҳуриявии олии варзишӣ, ҷои дуюмро дастаи «Солор» ва ҷои сеюмро бошад дастаи «Суҳроб» ба даст оварданд. Дар охир ғолибон барои ширкат дар мусобиқаи зикргардида бо «Ҷоми Вазири мудофиа», ифтихорномаву медалҳо ва тӯҳфаҳои Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиа сарфароз гардонида шуданд.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Рӯзномаи “Ҳомии Ватан”

ДАР ИН ШУМОРА:

1. ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

2. БАҲРАБАРДОРӢ АЗ ПАЁМ

3. САМАРАИ ДУ СОЛИ ХИЗМАТ

4. БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ

5. ҶАМЪОМАДИ АМАЛИЁТӢ- САФАРБАРӢ

6. САНҶИШИ МАҲОРАТ

7. БЕ ПИР МАРАВ...

8. РИОЯИ ОДОБИ МУОШИРАТ-АСОСИ ТАРБИЯ

9. ҚАДАМ БА СОЛИ БАРОРҲОИ НАВ