01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Home: NEWS ТАБРИКОТИ ВАЗИРИ МУДОФИА БАХШИДА БА РӮЗИ НАВРӮЗ
WELCOME TO THE WEB PAGE OF DEFENSE MINISTRY OF TAJIKISTAN
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Ulti Clocks content
Statistics
Today190
This month5069
Only104911

ТАБРИКОТИ ВАЗИРИ МУДОФИА БАХШИДА БА РӮЗИ НАВРӮЗ

30.03.2017   08:30

Наврӯз Имрӯз боз ба сарзамини биҳиштосои мо, пас аз сардиву боришоти зиёди зимистон, фасли дилафрӯзи баҳор омад, ки ба чашмҳо нуру зиё ва ба дилҳо фараҳу шодӣ меорад. Боз хандаи хершеду таровати гулу сабза, накҳати атрогини ёсуману райҳон ва садои булбулони хушхон, аз фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бароямон мужда мерасонад.

Наврӯз, ки муборактарин ва муқаддастарин ҷашни мардуми ориёинажод аст, ҳамчун ҷашни Рӯзи нав, соли наву иқболи нав, умеду орзуҳои тозаро дар қалби мову шумо тавлид месозад ва ба кору зиндагӣ дилгармтар менамояд. Иди Наврӯз, ҷашни бедории табиат аст, ки дар тӯли таърихи чандин ҳазорсолаи худ ба ҳаёти дигар мардумон низ ворид гардида, бисёр паҳлуҳои зиндагии онҳоро ба куллӣ тағйир дода ва мукаммалтар намудааст.

Наврӯзи оламафрӯз, ҳамчун ҷашни оғози фасли арӯси -баҳори дилфиреб, ҷашни зебоӣ, нишоту сурур, умеду орзу, кишту кор, нақши худро дар таърихи тамаддуни башарият гузоштааст. Маҳз бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 64-уми Асамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 21-уми мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон кард ва ин ҷашн барои тамоми қавму миллатҳо ҷашни умумиҷаҳонӣ эълон гардид.

Яке аз фазилатҳои неку созандаи Наврӯз ин аст,ки дар ин рӯз кинаю ғаразҳоро аз дил мебароранд,ба ҳам оғӯши сулҳу дӯстӣ бозӣ боз мекунанд,якдигарро ба муносибати ба ин рӯз расидан муборакбод намуда, хонаву дар ва манзилу оромгоҳи гузаштагонро тозаю озода менамоянд. Бояд иброз намуд, ки соли ҷорӣ дар мамлакатамон бахшида ба Соли ҷавонон ва 20-солагии таҷлили Ваҳдати миллӣ чорабиниҳои зиёд ба нақша гирифта шудааст.

Мо, низомиён, дар қатори мардуми сарбаланд ва бофарҳангамон имрӯз Иди фархундаи Наврӯзи байналмилалиро дар арафаи ин санаи муҳими таърихӣ, ҷашн гирифта истодаем. Ҳамзамон бояд қайд намоем, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1978 Иди Наврӯз дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Аммо, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҷашни Наврӯз, ки дорои сифатҳои инсонпарваронаву некӯкорӣ,хайру эҳсон ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад, мазмуну мундариҷаи нав ва шукуҳу шаҳомати дигар пайдо намуд.

Баробари гарм шудани рӯзҳо, мо хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа низ анъанаи неки гузаштагонамонро фаромӯш накарда,макони хизмат,гирду атрофи қисму воҳидҳои ҳарбиамонро тозаву озода намуда, баҳри сабзу хуррам гардонидани ин ҷойҳо ниҳолу буттаҳои ороишӣ шинондем, гузаргоҳу роҳравҳоро баҳри кабудизору гулпӯш намудан, омода карда истодаем ва бояд ин анъанаи некро пайваста давом диҳем.

Ман борҳо дар баромадҳоям таъкид намудам ва имрӯз низ иброз медорам, ки мо, хизматчиёни ҳарбӣ, рисолати бузурги ҳимояи сулҳу Ваҳдат ва марзу буми мамлакатро ба дӯш дорем. Аз ин рӯ, бояд шарафу номус, поквиҷдониву ҷасоратмандӣ ва хизмати софдилонаву садоқатмандона намуданро ба Ватани азизу маҳбубамон, ҳамеша пешаи худ намоем ва дар кору рафтор намунаи ибрати дигарон бошем.

Ба ҳамаи Шумо генералону афсарон ва меҳмонони гиромӣ ин ҷашни фархундаву фирӯз, Наврӯзи хуҷастапайро табрик намуда, таманно дорам,ки шумо низ дар рафтору муносибат ва кору фаъолият ҷавҳари ин ҷашни бостониро риоя намуда, байни ҳам дӯстиву муҳаббатро арзонӣ доред, қалбатонро чун ин фасли зебо поку беғубор гардонида ва ба ҳамдигар мушфиқу меҳрубон бошед. Орзу дорам, ки Наврӯзи имсола, бо файзу баракати худ ба зиндагии ҳар яки Шумо нуру тароват эҳё намуда, дигаргуниву пешравиҳо насибатон гардад. Бароятон тансиҳатӣ, рӯзгори ободу осоишта ва дар хонадонатон файзу баракат хоҳонам.

Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

MINISTRY OF DEFENCE
OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

LIEUTENANT-GENERAL
SHERALI MIRZO
Video

Sport