Ба аввал: НАВИД ҶАМЪОМАДИ МУШТАРАКИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ДАЪВАТИ БАҲОРӢ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Ulti Clocks content
Омор
Имрӯз54
Моҳ3928
Ҳамарӯза120008
Варзиш

Наворҳо

ҶАМЪОМАДИ МУШТАРАКИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ДАЪВАТИ БАҲОРӢ

27.03.2017   15:40

Аз якуми апрели соли равон даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таввалуди 1990 ва 1999-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз мегардад. Ба ин муносибат бо иштироки масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъвати шаҳру навоҳии мамлакат, ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомади муштараки ҷумҳуриявӣ, нахуст фармони Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал артиш Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва ба эҳтиёт рухсат намудани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муайяншудаи хизматро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба анҷом расонидаанд, ба табъ расонида шуд.

Дар ҷамъомад, муовини Сарвазири мамлакат-Раиси комиссияи даъватии ҷумҳуриявӣ Азим Иброҳим, сардорони раёсату хадамоти дахлдори Вазорати мудофиа ва Ситоди генералӣ, Сарпрокурори ҳарбӣ, масъулини вазоратҳои тандурустӣ, маориф ва илми ҷумҳурӣ, намояндагони сохторҳои қудратии мамлакат, муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, комиссарони ҳарбии ҷумҳурӣ ва дигар масъулини мақомоти давлатии даъват ширкат намуданд.

Иштирокчиёни ҷамъомад, ҳар яке зимни баромади хеш сараввал даъвати солҳои пешинро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вобаста ба монеаю мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти баъзе аз мақомоти масъули даъватии шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ карданд.

Аз ҷумла дар ҷамъомад қайд карда шуд, ки ҳамасола новобаста аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар пешравиҳои назаррас, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи бемасъулиятиву хунукназарии баъзе аз комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо ҳамоно як қатор мушкилиҳо аз қабили наомӯхтани шахсияти даъватшавандаҳо, дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ набудани баъзе аз шаҳрвандон, муоинаи нодурусти ташхиси тиббӣ, сари вақт ҳозир нагардидани ҷавонон ба комиссияҳои даъватӣ ва баъзе аз кирдорҳои коррупсионӣ ошкор гардидаанд, ки ин гуна ашхос аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шуда, нисбати онҳо ҷазоҳои қонуниро тадбиқ намудаанд.

Дар ҷамъомад ҳамзамон таъкид карда шуд, ки шумораи ҷавонони синну соли даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ хеле зиёд аст ва ин имконият медиҳад, ки аз байни ҷавонони ҳама табақаҳои аҳолии қишвар беҳтаринҳо ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.

Дар охири ҷамъомади мазкур бо мақсади бартараф намудани камбудиву монеаҳои дар боло зикргардида, баҳри дар сатҳи баланд ва бо сифати хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои минбаъдаи даъватӣ, иштирокчиёни ҷамъомад ва масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват бо супоришҳои мушаххас вазифадор карда шуданд.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО