Home: News ВОХӮРИИ ВАЗИР БО КОМИССАРОН ДАР ПОЛКИ КОМЕНДАНТӢ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today284
Week2246
This month9243
Only168035
Video

Forum

ВОХӮРИИ ВАЗИР БО КОМИССАРОН ДАР ПОЛКИ КОМЕНДАНТӢ

28.03.2017    15:15

Дар ҷамъомад нахуст вазири мудофиаи мамлакат Шерали Мирзо вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти боз ҳам беҳтар ва сифатан хуб ташкилу ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ сухан гуфта, аз иштирокчиёни он баҳри дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ муносибати ҷиддиро талаб намуд.

Ҳангоми баррасии масъалаҳо нахуст ба машғулиятҳои сафарбарӣ аз ҳисоби захираи шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, муайян намудани теъдоди мушаххаси онҳо, ҳангоми баргузогии машғулиятҳо баланд бардоштани масъулият ва вазифаву уҳдадориҳои иштирокчиён дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг, сафарбарии техникаҳои хоҷагии халқ, дар пойгоҳи тамоми комиссариатҳои ҳарбӣ муҷаҳҳаз намудани нуқтаҳои идоракунӣ, тақвият бахшидани мудофиаи ҳудудӣ, тибқи талаботи оинномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда ташкили пайвастаи дарсҳои соҳавӣ, риояи тартиби дурусти ба бар намудани сару либоси низомӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

 

Вазири мудофиа бо ёдовари аз муроҷиати шаҳрвадон ба унвонии ӯ таъкид намуд, ки ҳамкориро бо мардум ва аҳли ҷомеа боз ҳам ҷоннок намуда, дар тамоми комиссариатҳои ҳарбӣ, бобати ҳали мушкилот ва дигар масъалаҳои ба даъват тааллуқдошта мавзеъҳои махсуси қабули шаҳрвандон ташкил карда шавад, то ин ки вобаста ба ҳама муроҷиати онҳо дар чорчӯбаи қонун қарори дахлдор қабул гардад.

Илова бар ин, Шерали Мирзо қатъӣ супориш дод, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ таваҷҷуҳи зиёд ба масоили омӯзиши шахсияти даъватшавандаҳо, дуруст муайян кардани маҳалли хизмати шаҳрвандони оиладор, ки ба сафи ҚМ шомил мешаванд, таъмиру тармим намудани бинову иншооти комиссариатҳои ҳарбӣ, саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити зист, сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳаргуна қонуншиканиҳо, ба хусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва бо масъулияти баланд муносибат намудан дар самти иҷрои нақшаи даъватӣ бояд диққати ҷиддӣ равона карда шавад.

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform