01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД МАРОСИМИ ГУЛГУЗОРӢ
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Ulti Clocks content
Омор
Имрӯз128
Моҳ5666
Ҳамарӯза113738

МАРОСИМИ ГУЛГУЗОРӢ

03.03.2017  10:05

Бо мақсади гиромидошти хотираи неки фарзандони содиқи ин Ватан ва ба муносибати 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи Ғалабаи пойтахт низ дар назди лавҳа ва гулхани абадии хотиравӣ гулчамбарҳо гузошта шуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби ротаи қаровули фахрии Полки таъминотӣ ва идоракуни гарнизони Душанбе расми гузашти низомӣ доир карда шуд. Худи ҳамон рӯз инчунин ба муносибати иди касбии низомиён, аз ҷониби масъулини Вазорати мудофиа дар назди лавҳаи ёдгории 28 нафар сарбози номаълум низ гулчамбар гузошта шуд.

Дар доираи созандагиву бунёдкориҳо ва анҷоми корҳои сохтумонӣ дар арафаи таҷлил аз ҷашни Артиши миллӣ инчунин бинои комиссариати ҳарбии ноҳияи Вахш ва чанд иншооти ёрирасони дигар низ дар қисмҳои низомии ҳудуди гарнизони Хатлон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Умуман ба муносибати таҷлили 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аз нимаи дуюми моҳи январи соли равон дар ҳама қисму воҳидҳои низомии мамлакат, навъи қӯшунҳо ва дигар ҷузъу томҳо тибқи нақшаи тарҳрезигардидаи масъулини дахлдори Вазорати мудофиа ва бо иқдоми масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ ва дигар Вазорату идораҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ ва варзишӣ баргузор гардида, барои афсарону сарбозон ва дар маҷмӯъ тамоми хизматчиёни ҳарбӣ, дастурхони идона ороста шуд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш