01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Home: NEWS Чорабиниҳои идона
WELCOME TO THE WEB PAGE OF DEFENSE MINISTRY OF TAJIKISTAN
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Ulti Clocks content
Statistics
Today99
This month5580
Only76677

Чорабиниҳои идона

03.03.2017   09:20

Тантанаҳои идонаи ҷашнӣ, ба муносибати 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Вазорати мудофиа, тибқи қавоиди доимии низомиён бо ворид намудани парчами давлатӣ, байрақи ҷангӣ ва баъд аз садо додани суруди миллӣ оғоз ёфт.

Дар чорабинии мазкур вазири мудофиаи кишвар, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ, хизматчиёни Дастгоҳи марказиву Ситоди генералӣ, афсарону сарбозон ва дигар меҳмонон ширкат намуданд. Дар ифтитоҳи чорабинии бошукуҳи идона вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шерали Мирзо, бо нутқи пурмуҳтаво ба сухан баромада, доир ба ғамхориву дасгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу  Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  муҳтарам Э. Раҳмон нисбати низомиён, омодагӣ ба таҷлил аз рӯзи Ваҳдати миллӣ, эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон ибрози андеша карда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми муҳофизони ин марзу буми аҷдодиро табрику таҳният кард.

Илова бар ин, таъкид карда шуд, ки муборизаи доимӣ алайҳи таҳдиду хатарҳои ҷомеаи муосир, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ, пуррагардонии сафи артиш бо кадрҳои низомӣ ва дар маҷмӯъ оид ба ҳама дастоварду комёбиҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли ин солҳо ёдовар гардид. Дар ин радиф зикр карда шуд, ки аз комёбиҳои Вазорати мудофиа ва аз муваффақиятҳои бадастомада набояд қаноатманд шуд, балки дар минбаъда низ баҳри рушду нумӯъ ва боз ҳам пурқудрат намудани Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар роҳи баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлати соҳибистиқлол бояд ҷаҳду талош кард.

Дар чараёни чорабинии идона ҳамчунин чанде аз афсарони Вазорати мудофиа ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ ба сухан баромада, атрофи бурду бохти низомиёни мамлакат ва рушду камоли сипари боэътимоди давлат ибрози андеша намуданд. Дар охир бо фармонҳои вазири мудофиаи кишвар чанде аз афсарони ин ниҳоди қудратӣ, ғолибони мусобиқаҳои варзишиву умумиҳарбӣ ва дигар хизматчиёни низомӣ, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои идонаи ҷашнӣ саҳм доштанд бо Раҳматнома, медалу Ифтихорномаҳо, рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

MINISTRY OF DEFENCE
OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

LIEUTENANT-GENERAL
SHERALI MIRZO
Video

Sport