Ба аввал: Навид МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз55
Дирӯз300
Моҳ5146
Ҳамагӣ184755
Наворҳо

Форум

МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

07.02.2017  08:52

Бахшида ба муносибати таҷлили 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тамоми ҷузъу томҳои Артиши миллӣ чорабиниҳои гуногуни варзишию фароғати гузаронида мешаванд. Мутобиқи нақшаи таҳиягардидаи роҳбариати Вазорати мудофиа дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои марбута бахшида ба ин санаи муҳим дар қисмҳои ҳарбӣ ва макотиби миёна вохӯриву суҳбатҳои гуногун барпо мегардад.

Имрӯзҳо дар толори Маҷмааи варзишии солимгардонии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни афсарон ва прапоршикони Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, раёсатҳои навъҳои қӯшун ва Донишкадаи ҳарбӣ, литсеи ҳарбӣ ва комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва кафедраҳои ҳарбиии назди муассисаҳои олиии Ҷумҳуриии мусобиқаи варзишӣ доир гардида, он аз рӯи намудҳои, футболи хурд тенниси рӯи миз, гирбардорӣ ва дастхобонӣ ташкилу ба роҳ монда мешавад.

Дар мусобиқа варзишгарони дастаҳои ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ширкат варзиданд. Ин мусобиқаҳо аз 26 январи соли равон оғоз гардида, то 21 феврал идома меёбанд.

Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо дар байни ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ин пеш аз беҳтар намудани тарзи ҳайёти солим байни низомиён ва муайан кардани беҳтарин дастаҳои варзишии ин сохтори қудратӣ мебошад.

Дар оғози ифтитоҳи чорабинии варзишӣ, муовини вазири мудофиа полковник Латифзода Асрор Қурбон суханронӣ намуда, барои иштироки фаъолона ва дарёфти ҷойҳои намоён ба ҳамагон бурбориву комёбиҳо таманно намуд.

Масъулияти гузаронидани ин чорабинии варзиши ба зимаи Клуби марказии варзишии артиш вогузор шуда, аз натиҷаи ҷамъбасти он дар шумораи ояндаи рӯзнома муфассал гузореш хоҳем дод.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо