01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Главная страница: НОВОСТИ ФЕСТИВАЛ ОЗМУНИ «СУРУДИ САРБОЗ», БАХШИДА БА 24-УМИН СОЛГАРДИ АРТИШИ МИЛЛӢ
ДОБРО ПОЖАЛОВАТЬ НА ВЕБ-СТРАНИЦУ МИНИСТЕРСТВО ОБОРОНЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Ulti Clocks content
Статистика
Сегодня14
В этом месяце4353
Всего104195

ФЕСТИВАЛ ОЗМУНИ «СУРУДИ САРБОЗ», БАХШИДА БА 24-УМИН СОЛГАРДИ АРТИШИ МИЛЛӢ

06.02.2017 10:43

Даври навбатии фестивал озмуни «Суруди сарбоз» байни қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа оғоз гардид, ки дар он аксари қисмҳои ҳарбии Артиши миллӣ иштирок менамоянд. Дар рӯзи аввал чорабинии фар-ҳангиро муовини вазири мудофиаи мамлакат полковник Латифзода Асрор Қурбон кушода, гузаронидани ин қабил ҷорабинии фароғатиро давоми сиёсати пайгиронаи давлату ҳукумат нисбат ба ҷавонон арзёбӣ кард.

Номбурда зимни суханрониаш қайд намуд, ки чунин чорабиниҳо ҳамсола байни қисмҳои ҳарбӣ доир мегарданд, ки дар он беҳтарин сарбозон маҳорату малакаи худро нишон дода,барои иштирок дар чорабинии ҷашни,ки рузи 23 феврал барпо мегардад, пешбари карда мешаванд. Барои иштироки фаъолона ба ҳар як сарбози фаъолу ҳунарманд барору комёбӣ ва муваффақияти эҷодӣ таманно намуд.

Чорабинии мазкур бахшида ба 24умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он «Беҳтарин дастаҳои ҳавскор «,»Беҳтарин рӯзномаҳо ва суратрӯзномаҳо» ва « Беҳтарин суруди ҳарбӣ» муайян хоҳад карда шуд. Дар рафти чорабини аъзои ҳакамон аз Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ,рӯзномаи «Ҳомии Ватан», ва ансабли «Шараф»-и Вазорати мудофиа иштирок менамоянд.

Ҳадаф аз баргузории ин гуна чорабиниҳо, ин пеш аз ҳама ҷалби ҷавонони соҳибҳунар ва эҳтиром гузоштан ба ҳунару маҳорати касбии эшон ва дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани онҳо, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии насли созандаву бунёдкори ин марзу буми кишвар мебошад. Дар ҷамъбасти чорабинӣ дастаҳои беҳтарин аз ҷониби роҳбариат қадрдони мегарданд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МИНИСТР ОБОРОНЫ
РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛИ МИРЗО
Видео

Спорт