01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Home: NEWS Ҷамъомади таълимӣ- методӣ
WELCOME TO THE WEB PAGE OF DEFENSE MINISTRY OF TAJIKISTAN
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Ulti Clocks content
Statistics
Today189
This month5068
Only104910

Ҷамъомади таълимӣ- методӣ

26.12.2016  10:26

Ҷамъомади методӣ-таълимӣ, аз рӯи мавзуъҳои гуногуни соҳавӣ аз ҷумла, марҳилаи тайёрӣ ва тартиби бурдани хизмати қаровулӣ, ҷобаҷогузории наряди шабонарӯзӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, амалӣ намудани вазифаҳои ҷангии ҳайати шахсӣ ҳангоми эълон намудани бонги хатар, тартиби санҷиши омодабошии ҷангӣ ва ғайраҳо ҷараён гирифт.

Қобили қайд аст, ки чунин ҷамъомадҳои таълимӣ- методӣ давоми сол ду маротиба, ин ҳам бошад, пеш аз оғози давраҳои омузишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ гузаронида мешаванд.

Барои гузаронидани чунин машғулиятҳои намунавии таълимӣ- методӣ ҳар як фармондеҳи навъи қӯшунҳо, командирони қисмҳои низомӣ ва афсарону сарбозони вобастаи ҷузъу томҳо, бо кӯмаку дастгирии роҳбарият ва хадамоти дахлдори Вазорати мудофиа тамоми кӯшишу ғайрати хешро ба он равона мекунад, то дар муддати шаш моҳе, ки барои тайёрӣ пешбинӣ мешавад, ҳама шароитҳои зарурии таълимӣ муҳаё гардад.

Ҷамъомади таълимӣ- методии мазкур давоми се рӯз идома ёфта, тариқи назариявию амалӣ роҳандозӣ гардид. Бояд ёддовар гардид, ки чунин ҷамъомад аз соли 2000-ум дар Қувваҳои Мусаллаҳ роҳандозӣ мегарданд ва ҳар дафъа зимни баргузории он унсурҳои ҷадиди ҳарбии мувофиқ ба талаботи ҷаҳони имрӯза илова мегарданд.

Дар интиҳои ҷамъомад оид ба дастуру ҳидоятҳои роҳбарияту давлат ва ҳукумат, вобаста ба баланд бардоштани қудрати мудофиавии кишвар, ғамхориҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ нисбат низомиёни кишвар ва талаби қотеонаи ӯ дар самти иҷрои талаботи ҳама вазифаву уҳдадориҳои хизматчиёни ҳарбӣ, вазири мудофиаи мамлакат Шерали Мирзо дар назди ҳозирин баромад карда, вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳонро ҳамаҷониба таҳлил намуд.

Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

MINISTRY OF DEFENCE
OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

LIEUTENANT-GENERAL
SHERALI MIRZO
Video

Sport