01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Главная страница: НОВОСТИ Ҷаласа оид ба натиҷаи ҷамъбасти соли 2016
ДОБРО ПОЖАЛОВАТЬ НА ВЕБ-СТРАНИЦУ МИНИСТЕРСТВО ОБОРОНЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Ulti Clocks content
Статистика
Сегодня189
В этом месяце5068
Всего104910

Ҷаласа оид ба натиҷаи ҷамъбасти соли 2016

26.12.2016  09:40

Чанде пеш дар толори Вазорати мудофиа ҷаласа оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти ин ниҳоди қудратӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳоров, вазири мудофиа, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, масъулини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии навъи қӯшунҳо, комиссарони ҳарбӣ, командирони қисмҳои низомӣ ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Дар ҷараёни баргузории ҷаласа нахуст муовинони вазири мудофиа ва дигар масъулини ин ниҳоди қудратӣ дар самтҳои гуногуни фаъолияти раёсату хадамоти Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, навъи қӯшунҳо, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва дигар ҷузъу томҳои зертобеи худ ҳисобот доданд.

Иҷрои талаботи дастуру супоришҳои Раиси Шӯрои амнияти мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии Котиби Шӯрои амният мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Тавре таъкид карда шуд, фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти таъмини амнияти давлат ва мардуми кишвар, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, доимо таҳти назорати доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, амалӣ намудани тадбирҳои судманд дар ин самт талаби қотеонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ва қарзи фарзандии мо муҳофизони Ватан дар назди халқу давлат маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон, сарпрокурори ҳарбӣ Сафаралӣ Мирзозода низ дар навбати худ вобаста ба вазъи ҷинояту қонуншиканиҳо ва омилҳои боисшаванда ба он маърӯза карда, изхор дошт, ки пурзур намудани интизоми ҳарбӣ, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҳар яки мо масъулияти баландро дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматӣ тақозо мекунад. Зимни анҷоми ҷаласа қисмҳои ҳарбие, ки дар соли равон аз худ дар самти риояи ҳама талаботи хизмат бартарияти ҷиддӣ нишон дода буданд, бо Байрақи сайёри Вазорати мудофиа сарфароз гардонида шуданд.

Лозим ба ёддоварист, ки Байрақи сайёри Вазорати мудофиаро танҳо баталион, полк, бригада ва навъи қӯшунҳо соҳиб мегарданд, ки аз ҳама пешсафанд ё худ натиҷаи фаъолияташон нисбат ба дигар қисмҳои ҳарбӣ хеле баланд аст. Яъне онҳо ғолибони мусобиқаи умумумиҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб меёбанд.

Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

МИНИСТР ОБОРОНЫ
РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛИ МИРЗО
Видео

Спорт