Главная страница: НОВОСТИ Ҳимояи марзу буми Ватан-иҷрои савганди садоқат ба халқ ва Президент
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Новости
Ulti Clocks content
Статистика
Сегодня10
В этом месяце3626
Всего119706
Спорт

Видео

Ҳимояи марзу буми Ватан-иҷрои савганди садоқат ба халқ ва Президент

26.12.2016   09:00

Аз ироаи Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ хизматчиёни ҳарбии Артиши миллии мамлакат, аз ҷумла ҳайати шахсии Дасдгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералӣ, раёсатҳои навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, қисму воҳидҳои ҳарбии тобеи онҳо, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва дигар ҷузъу томҳои алоҳидаи низомӣ ба таври васеъ тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва дигар воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ баҳраманд гардиданд.

Сараввал бояд ёдовар шуд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат, ба мақоми олии қонунгузор, яъне Маҷлиси олӣ дар остонаи анҷом аз таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун муждаи сулҳу дӯстӣ ва комёбиву навгониҳои арзанда расонида шуда, мисли ҳамеша фарогирии муҳимтарин масъалаҳои ҷомеа буд, ки он албатта дурнамои рушди кишварро барои як сол муайян месозад.

Дар Паёми имсола, дар радифи масоили иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин ба авзои сиёсии ҷаҳону минтақа ва таъмини амнияту осоиштагии кишвар таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардид. Дар шароити вусъат гирифтани ҳар гуна ихтилофҳои диниву мазҳабӣ, густурда гардидани фаъолияти ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат аз масъалаҳои аввалиндараҷае мебошад, ки он аз ҳар як афсару сарбози матиниродаи ватан ҳушёриву зиракии сиёсиро талаб менамояд.

Дар воқеъ, вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, баҳри иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд. Дар доираи таъкидҳои қаблии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали-артиш Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматиашон доимо ҳушёру зиррак бошанд, барои таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир-терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ қотеона мубориза баранд.

Аз ин лиҳоз, омодагии ҳаматарафаи ҳарбӣ, маҳорати касбии ҳайати шахсӣ ва дар ин баробар масъалаи тарбия ва обу тоби ҷисмониву маънавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ аз масъалаҳои муҳими баррасигардида дар ин Паём буд.

Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИНИСТР ОБОРОНЫ
РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛИ МИРЗО