01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Home: NEWS Агар хоҳӣ озод бошӣ ғуломи қонун бош
WELCOME TO THE WEB PAGE OF DEFENSE MINISTRY OF TAJIKISTAN
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Ulti Clocks content
Statistics
Today71
This month2449
Only93845

Агар хоҳӣ озод бошӣ ғуломи қонун бош

24.12.2016   15.58

«Агар хоҳӣ озод бошӣ ғуломи қонун бош» иҷрои ин мафҳум барои ҳамагон, бахусус ҷиҳати иҷрои талаботи низомӣ барои ҳар як хизматчии ҳарбӣ, ҳатмӣ мебошад. Ҳафтаи сипаригашта дар ҳудуди чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе рейди муштарак бо ҷалби кормандони Сарпрокуратураи ҳарбӣ, Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе, намояндагони Бозрасии марказии ҳарбии автомобилӣ ва Полки таъминотӣ ва идоракунии Вазорати мудофиаи кишвар ташкилу ба роҳ монда шуд.

Дар рафти рейди муштарак хизматчиёни ҳарбие, ки бо либоси низомӣ дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт гашту гузор менамуданду як қатор уҳдадориҳои ҳарбиро риоя намекарданд, аз ҷониби патрулҳои доимоамалкунанда ба даст афтода шуданд.

Зимни рейди муштарак маълум гардид, ки бархе аз хизматчиёни ҳарбӣ дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт бо либоси саҳроӣ гашту гузор менамоянд, ҳол он ки мувофиқи фармони вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пӯшидани либоси саҳроӣ танҳо зимни иштирок дар машқу тамринҳо, дар шароити дашту саҳро муқаррар гардидааст. Гувоҳномаи афсарӣ ҳуҷҷати асосӣ барои ҳар як хизматчии ҳарбӣ маҳсуб меёбад.

Аз ин рӯ дар бар доштани он барои ҳар як хизматчии ҳарбӣ қатъиян ҳатмӣ мебошад. Зимни рейди муштарак маълум гардид, ҳоло ҳам афсароне пайдо мегарданд, ки бе гувоҳномаи афсарӣ либоси низомӣ ба бар мекунанд. Инчунин, дар рейди муштарак автомашинаҳои қайди давлатии ҳарбӣ низ аз ҷониби Бозрасии марказии ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиаи кишвар назорат гардид. Зимни санҷиш маълум гардид, ки новобаста аз он ки нисбат ба солҳои қаблӣ қоидавайронкунии ҳаракати нақлиёт аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ кам гардида бошад ҳам, вале ҳамоно риоя накардани талаботҳои ҷузъӣ ба назар мерасанд.

Қобили зикр аст, ки дар асоси нақша-чорабиниҳои муштараки чунин рейдҳо, мунтазам дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғду Хатлон ва Бадахшон низ ташкилу баргузор мегардад. Аз ҷумла ҳафтаи сипаригашта гурӯҳи эъҷодии Маркази матбуоти Вазорати мудофиа аз рафти баргузории рейди муштарак дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд наворбардорӣ намуд. Мутасаддиёни Комендатураи ҳарбии гарнизони Суғд он рӯз ҳайати патрулҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо намуда, дар кӯчаву хиёбонҳо, мавзеъҳои фароғатӣ, бозорҳо, дӯконҳои майнӯшӣ ва дигар мавзеъҳо сафарбар намуданд.

Муддати чаҳор соате, ки мо онҳоро ҳамроҳӣ кардем, бо пӯшидани либоси саҳроӣ дар кӯчаву хиёбонҳо, надоштани кулоҳи афсарӣ ва дигар амалҳои ғайриоинномавӣ муайян карда шуд. Ҳамзамон, он рӯз ҷиҳати назорат аз рафти ҳаракати нақлиётҳои ҳарбӣ дар шаҳру хиёбонҳои гарнизони Суғд Бозрасии ҳарбии автомобилии Комендатураи ҳарбии ин гарнизон назорат намуд.

Тааҷубовараш он буд, ки муддати чаҳор соати назорат ягон ҳаракати нақлиёт аз ҷониби автомобилҳои ҳарбӣ дар кӯчаву хиёбонҳои вилояти Суғд ба назар нарасид ва моро имкон даст дод, ки аз маълумотҳои таҳлилии фаъолияти ин самт истифода намоем. Мувофиқи маълумоти мутасаддиён давоми соли 2016 дар вилояти Суғд 30 маротиба қоидавайронкуниҳои ҳаракати роҳ аз ҷониби нақлиётҳои ҳарбӣ ба қайд гирифта шудааст.

Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

MINISTRY OF DEFENCE
OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

LIEUTENANT-GENERAL
SHERALI MIRZO
Video

Sport