01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Главная страница: НОВОСТИ Саҳми Оркестр дар чорабиниҳо назаррас аст
ДОБРО ПОЖАЛОВАТЬ НА ВЕБ-СТРАНИЦУ МИНИСТЕРСТВО ОБОРОНЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Ulti Clocks content
Статистика
Сегодня9
В этом месяце3622
Всего86638

Саҳми Оркестр дар чорабиниҳо назаррас аст

24.12.2016 15:36

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор намудани чорабиниҳои давлатӣ ва ҳарбию сиёсӣ пайваста тадбирҳои муассир меандешад.

Бо мақсади дар сатҳи лозима гузаронидани ин чорабиниҳо саҳми оркестри ҳарбӣ-нафасии ин сохтори қудратӣ назаррас аст. Зеро ҳайати шахсии оркестри ҳарбӣ-нафасии Полки таъминотӣ ва идоракунии Вазорати мудофиаи кишвар дар ҳама чорабиниҳо фаъолона иштирок намуда, ҷиҳати боз ҳам хубтару беҳтар ва мувофиқ ба талаботи ҳарбӣ гузаронидани чорабиниҳои мухталиф аз худ саҳми босазо мегузоранд.

Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои Истиқлолияти кишвар ҷиҳати харидорӣ ва таъмини асбобҳои нафасиву зарбӣ барои сохторҳои дахлдори Полки таъминотӣ ва идоракунии Вазорати мудофиаи кишвар тадбирҳо андешида, имрӯзҳо асбобҳои зарурии сатҳи байналмилалӣ дар оркестри мазкур фароҳам оварда шудааст. Аз ин ҷост, ки ҳайати шахсии Оркестри ҳарбӣ-нафасии Полки таъминотӣ ва идоракунии Вазорати мудофиаи кишвар, ҳам дар чорабиниҳои дохили кишвар ва ҳамасола дар феставалу озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Бояд зикр кард, ки дар ин самт ҷиҳати омодасозии кадрҳои мувофиқ ба талаботи низоми Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи кишвар саҳми намоён дорад. Зеро ҳамасола ин боргоҳи ҳарбиро донишандӯзони зиёд бо ихтисосҳои гуногун хатм намуда, дар рушди Артиши миллии кишвар саҳми хешро мегузоранд. Маойр Соҳибназар Эмомов аз зумраи хатмкардагони ин Донишкадаи ҳарбӣ мебошад, ки айни ҳол ба ҳайси сардори Оркестри ҳарбӣ нафасии Комендатураи ҳарбии гарнизони Суғд фаъолият дорад.

Бояд ёддовар гардид, ки оркестри ҳарбӣ-нафасии Комендатураи ҳарбии гарнизони Суғд ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои давлатӣ ва ҷамъомадҳои идона дар сохторҳои таркибии навъи қушӯн дар ин гарнизон, саҳми назаррас дорад. Яке аз чорабиниҳои муҳим дар ҳаёти ҳар як хизматчии ҳарбӣ маросими савгандёдкунӣ мебошад, ки ҳайати шахсии ин оркестр дар ҷараёни баргузории он фаъолона иштирок менамоянд. «Ҳама унсурҳои ҳарбӣ аз ҷумла, аз ҷузъиёти сафороӣ сар карда, то қадамзаниву гузашти низомӣ бо садои оркестри ҳарбӣ-нафасӣ мувофиқ гардонида мешавад»-илова намуд, Соҳибназар Эмомов. Қобили зикр аст, ки оркестри ҳарбӣ-нафасии комендатураи ҳарбии гарнизони Суғд ҷиҳати боз ҳам хубтару беҳтар намудани фаъолият, бо бастакорони шинохта ҳамкорӣ менамояд.

Қобили зикр аст, ки чунин оркестрҳои нафасиву зарбӣ дар тобеи комендатураҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи кишвар, дар баробари вилояти Суғд дар Хатлону Бадахшон низ фаъолият менамояд, ки онҳо дар самти боз ҳам хубтару беҳтар гардонидани чорабиниҳо саҳми намоён мегузоранд.

Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

МИНИСТР ОБОРОНЫ
РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛИ МИРЗО
Видео

Спорт