Главная страница: НОВОСТИ Хатми навбатии Мактаби прапоршикон
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Новости
Ulti Clocks content
Статистика
Сегодня9
В этом месяце3625
Всего119705
Спорт

Видео

Хатми навбатии Мактаби прапоршикон

24.12.2016  14:18

Таъминоти кадрӣ ҳамеша зери таваҷҷӯҳи масъулини роҳбарикунандаи Вазорати мудофиа қарор дошта, баҳри дар вазифаҳои соҳаи низомӣ таъин намудани шахсони содиқу матинирода пайваста тадбирҳои судманд амалӣ карда мешавад.

Дар ин замина бо фармони вазири мудофиа аз 17 январи соли 2014 мактаби омодакунии прапоршикон таъсис дода шуда, аз аввали моҳи феврали ҳамон сол раванди таълиму тарбия дар он оғоз гардид. Омӯзиш дар ин мактаб аз руйи 8 ихтисоси муҳими ҳарбӣ 4 моҳ давом карда, бо мақсади ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба хизмати ҳарбӣ ва баҳри пуррагардонии вазифаҳои холии прапоршикӣ дар сафи Артиши миллии кишвар ташкил карда шудааст.

Сарбозони шомилшуда ба ин мактаб пас аз идомаи таҳсил ва аз худ намудани махсусияту нозукиҳои тахасусӣ интихоб карда, соҳиби шаҳодатнома ва рутбаи прапоршикӣ мегарданд. Дар ин мактаб ба сарбозон давоми таҳсил афсарони ботаҷриба дар баробари омӯзонидани донишҳои назариявӣ, ба машғулиятҳои амалии тактикӣ-варзишӣ ва аз худ намудани санъати ҳарбӣ ҷалб менамоянд. Ин навбат Мактаби прапоршиконро зиёда аз 100 нафар сарбозон хатм намуданд, ки гурӯҳи эҷодии барнома дар ҷараёни баргузории чорабинии ба ин муносибат бахшидашуда иштирок намуд.

Маросими хатми ин гурӯҳи прапоршикон дар Маркази таълимиии Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа, чун оини ҳамешагии низомиён бо ворид гардидани Байрақи ҷангӣ ва садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Сипас дар фазои мутантани ҳарбӣ ба ин гурӯҳи ҳомиёни ватан шаҳодатномаи хатм ва рутбаи ҳарбии прапоршикӣ тақдим карда шуда, аз ҷониби масъулини Раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳабии Вазорати мудофиа бо назардошти ҷойҳои холии прапоршикӣ дар қисму воҳидҳои низомии кишвар онҳоро ба вазифаҳои муайян таъин ва ҷиҳати идома додани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ раҳнамун намуданд.

Ҳамин тавр, масъулин аз Вазорати мудофиа ва дигар иштирокчиён онҳоро ба муносибати бомуваффақият хатм намудани мактаби мазкур муборакбод намуда, дар иҷрои вазифа ва уҳдадориҳои масъулиятноки прапоршикӣ ва хизмати шоистаи мардона баҳри дифои Ватан ба онҳо бурдборӣ таманно намуданд.

Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИНИСТР ОБОРОНЫ
РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛИ МИРЗО