01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Главная страница: НОВОСТИ Натиҷаи даъвати тирамоҳи-2016
ДОБРО ПОЖАЛОВАТЬ НА ВЕБ-СТРАНИЦУ МИНИСТЕРСТВО ОБОРОНЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Ulti Clocks content
Статистика
Сегодня14
В этом месяце4353
Всего104195

Натиҷаи даъвати тирамоҳи-2016

Ҷамъомаде, ки таҳти роҳбарии вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шерали Мирзо доир гардид, нахуст фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ мавриди баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дода шуд.

Дар ҷамъомад муовинони вазири мудофиа, масъулини раёсату хадамоти дахлдори Вазорати мудофиа, комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат доштанд. Масоили вобаста ба даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ зимни баромади сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ генерал-майор Эмомалӣ Собирзода ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ гардида, баҳри дар оянда беҳтару сифатан хуб ба роҳ мондани ин маъракаи муҳими сиёсӣ як қатор таклифу пешниҳодоти мушаххас ироа карда шуд.

Ҷалби шаҳрвандони эҳтиётӣ ба машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва гузаронидани омузиш оид ба захираҳои эҳтиётӣ низ яке аз масъалаҳои муҳими ҷамъомад ба ҳисоб мерафт. Дар ин радиф зикр карда шуд, ки давоми соли 2016 дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ теъдоди муайяни техникаҳои хочагии халқ ва дигар лавозимоту захираҳои эҳтиётӣ ба ҷамъомади мудофиаи ҳудудиву омодагии сафарбарӣ фаро гирифта шудаанд ва наздики 800 ҳазор нафар шаҳвандон, ки дар қайди комисариатҳои ҳарбӣ мебошанд, мавриди омӯзиш қарор гирифта, қисме аз ин шумора аллакай ба машғулиятҳои амалии саҳроӣ ва ба тирпарронӣ аз силоҳу муҳимоти ҷангӣ ҷалб гардиданд.

Вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, пурзур намудани интизоми ҳарбӣ, пешгири намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва дар ин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ яке аз масъалаҳои таҳлилу баррасишавандаи ҷамъомад буд. Зимни супоришҳои мушаххас, бо ёдоварӣ аз фаъолияти назарраси чанде аз комиссариатҳои ҳарбӣ вазири мудофиа таъкид намуд, ки мо набояд аз муваффақиятҳои бадастомада қаноатманд гардем, балки барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ҳамасола баҳри беҳдошти ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҷаҳду талош намоем.

Дар охири ҷамъомади мазкур масъулини комиссариатҳои ҳарбие, ки дар соли равон фаъолияти назаррас доштанд, бо раҳматномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардида, онҳое, ки дар ин самт ба камбудиҳо роҳ дода буданд, ба ҷазои интизомӣ кашида шуданд.

Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИНИСТР ОБОРОНЫ
РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛИ МИРЗО
Видео

Спорт