01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД ФОРУМИ АФСАРОН ОИД БА КОРҲОИ СИЁСӢ -ТАРБИЯВӢ
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФОРУМИ АФСАРОН ОИД БА КОРҲОИ СИЁСӢ -ТАРБИЯВӢ

Ҳафтаи равон дар толори Вазорати мудофиа бо иштироки ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи, афсарон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии қисму воҳидҳои низомии кишвар ва намояндагон аз дигар сохторҳои қудративу идораҳои давлатӣ «Форуми афсарон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ» доир гардид, ки ба кори форум вазири мудофиаи мамалакат Шерали Мирзо оғози расмӣ бахшида, доир ба моҳият ва ташкилу баргузории Форуми мазкур ибрози андеша намуд.

Сипас, намояндагон аз Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стротегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мушкилот ва масъалаҳои ҳарбӣ- сиёсии кишвар ва минтақа суханронӣ намуданд.

Форуми мазкур ду рӯз ҷараён гирифта, матлаби он асосан ба масъалаҳои таҳкими ваҳдату истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ, татбиқи ҳаматарафаи қонунҳои амалкунанда дар соҳаи низомӣ бахшида шуда, авзои геопалитикии минтақа дар мубориза бо тундгароиву ифротгроӣ ва роҳҳои пешгирии омилҳои коррупсионӣ низ дар ин ҷамъомад мавриди муҳокимаи иштирокчиён қарор гирифт. Дар идомаи ҳамоиш зикр карда шуд, ки коррупсия ҳамчун садди асосии рушди рӯзафзуни иқтисод дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҳар як кишвар монеаҳо эҷод мекунад. Аз ин лиҳоз, мо бояд дар ҳамбастагӣ бар зидди ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта муборизаро пурзӯр намоем. Масоили вобаста ба пурзӯр намудани назорат аз руи иҷрои қонунҳои соҳавӣ, роҳҳои пешгирии ҷиноятҳо миёни хизматчиёни низомии мақомоти қудратӣ ва роҳ надодан ба муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар ин форум зимни суханронии Сарпрокурори ҳарбӣ генерал-майори адлия Сафаралӣ Мирзозода баррасӣ карда шуд.

Дар ҷараёни форум иштирокчиён, инчунин вобаста ба баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, садоқат ба Ватан ва содиқ мондан ба Савганди ҳарбӣ ибрози анеша намуда, таъкид доштанд, ки масъалаи таълиму тарбияи ҳаматарафаи ҳайати шахсӣ, такмили маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҳар як хизматчии низомӣ дар шароити феълӣ аз ҳар як афсар оид ба корҳои сиёсӣ- тарбиявӣ, ки пешбурди таълиму тарбияро миёни ҳайати шахсӣ ба зимма дорад, беш аз ҳар вақта дида масъулиятшиносӣ ва дақиқкориро дар иҷрои вазифаҳои касбиашон тақозо мекунад.

Мақсад аз баргузории ин форум пеш аз ҳама, тақвият бахшидани донишу малака ва таҷрибаи касбии афсарон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ, риояи ҳатмии қонунҳои амалкунанда ва дар маҷмуъ мукаммал намудани донишҳои ҳуқуқиву фарҳангӣ ва шинохти бештар аз арзишҳои миллӣ мебошад. Сипас, бахши чорабиниҳои фарҳангию фароғатии форуми мазкур бо шиносоии афсарон ва намояндагони дигар сохторҳои низомӣ аз рафти хизмати ҳарбии сарбозон ва шароитҳои мавҷудаи онҳо дар яке аз қисмҳои низомии Вазорати мудофиа идома ёфта, инчунин барои иштирокчиёни ҳамоиш намоши консертии аҳли санъати ансамбли Вазорати мудофиа дар Кохи Наврӯз ва тамошои намоишномаи театрӣ дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» ташкил карда шуд.

Рӯзи дуюми Форуми афсарон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар асоси нақшаи муайяншуда дар пойгоҳи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа идома ёфта, вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ки ба воситаи ташкили ихтилофҳои мазҳабӣ дар ҷомеа, мехоҳанд истиқлолияти давлатҳои мустақилро аз байн баранд, намоянда аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, муборизаи пайвастаро дар ин самт миёни сохторҳои қудратӣ зарур шуморид. Ҳамзамон, дар идомаи ҷамъомад доир ба беҳбудӣ бахшидан ба фаъолияти афсарон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҳайати шахсӣ аз ҷониби иштирокчиён таклифу пешниҳодҳо сурат гирифт.

Дар асоси рӯзномаи форум иштирокчиён инчунин дар ин рӯз бо барномаҳои таълимии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, раванди таълим тарбия дар ин муассисаи олии ҳарбӣ шинос шуда, аз осорхонаи он дидан намуданд. Ҳамин тавр, Форуми афсарон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ бо ташкили барномаи консертӣ дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» ва қабули «Муроҷиатномаи иштирокчиёни Форум ба хизматчиёни ҳарбӣ ва ҷавонони кишвар» ҷамбаст карда шуд.

Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон


ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш