01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД ПЕШБУРДИ ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАР ВА СИФАТИ БАЛАНДИ ТАЪМИНОТИ АҚИБГОҲӢ ДАР АРТИШИ МИЛЛӢ
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ПЕШБУРДИ ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАР ВА СИФАТИ БАЛАНДИ ТАЪМИНОТИ АҚИБГОҲӢ ДАР АРТИШИ МИЛЛӢ

Масъулини ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва сохторҳои зертобеи он бо ташкилу баргузории ҷамъомадҳои таълимӣ-методӣ, ки василаи муҳими омӯзишу азхуднамоии мавзуоти мухталифи ҳарбӣ мебошад, сатҳи тайёрии касбии худро такмил медиҳанд. Дар доираи ин ҳадаф ва мутобиқи нақшаи маҷӯи ягонаи Қувваҳои Мусаллаҳ барои соли 2016, рӯзҳои 2 ва 3-юми декабри соли равон ҷамъомади таълимӣ-методии соҳаи ақибгоҳии сохторҳои қудратии гарнизонҳои Душанбе, Хатлон ва минтақаи Рашт ташкилу ба роҳ монда шуд.

Ҷамъомади мазкур ду марҳиларо дар бар гирифта, нахустрӯзи он дар пойгоҳи қисми ҳарбии 16772-и Вазорати мудофиа доир гардид ва рӯзи дигари он бошад, ба таври амалӣ дар яке аз воҳидҳои низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар гарнизони Хатлон гузаронида шуд. Ба ҷамъомади таълимӣ-методии навбатӣ, муовинон, сардорони шуъба ва хадамоти ақибгоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Агентии таъминоти амволи махусуси назди Ҳукумкати Ҷумҳурии Тоҷикистон, навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин муовинони командирон оид ба ақибгоҳ ва сардорони хадамоти молу мулки шайъӣ, хӯрока, сӯзишворӣ ва равғанҳои молидании қисмҳои ҳарбии гарнизонҳои Душанбе, Хатлон ва минтақаи Рашт ҷалб гардида буданд.


Масъулини сохторҳои таъминотии маводи озӯкаворӣ ва молу амволи шайъӣ дар ҷараёни баргузории даври назариявии машғулиятҳои соҳавӣ масоили вобаста ба ҳамлу нақл, таъмини саривақтии ҳайати шахсӣ, сарфакорӣ ва коркарди ҳуҷҷатҳои дар пешбурди фаъолият нигаронидашударо мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дода, бо овардани далелу санадҳои зарурӣ ва омилҳои муҳим, бартарафсозии камбудиҳо ва роҳи ҳалли мушкилоти ҷойдоштаро байни ҳам муҳокима намуданд. Рӯзи дуюми ҷамъомади мазкур, ки машғулиятҳоро дар ин давр ба таври амалӣ дар бар мегирифт, бо шиносоии маҳалли буду боши ҳайати шахсии қисми ҳарбии 2133-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиӣ дар вилояти Хатлон оғоз гардид. Дар ин марҳила афсарони масъули соҳаи ақибгоҳии қисмҳои низомии сохторҳои қудратӣ ва муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, нахуст аз рафти корҳои тарроҳиву духти либосҳо дар сехи дӯзандагӣ, ки дар назди ин воҳиди низомии марзбонӣ амал мекунад дидан намуда, аз кору заҳмати онҳо шинос гардиданд.

Тавре иттило дода шуд дар ин корхонаи хурди истеҳсолӣ асосан оилаҳои афсарон ба кор ҷалб карда шудаанд, ки онҳо ба духти молу амволи шайъии хизматчиёни ҳарбӣ машғул мебошанд. Ҳамзамон, дар ин воҳиди низомии сарҳадӣ иштирокчиёни машғулиятҳои таълимӣ-методӣ аз қасри фарҳангии марзбонони ватан, ҳуҷраҳои таърихии он, толори маҷлисӣ ва аз дигар нуқтаҳои пешбурди фаъолияти хизматӣ, аз ҷумла дар ошхона, ҷои хоби ҳайати шахсӣ, хонаҳои нигоҳдошти силоҳу муҳмимоти ҷангӣ, манораҳои мушоҳидавӣ дидан ба амал оварда, дар нуқтаи тиббӣ ва ошхонаи дохили он бо таъминоти меъёри табобатӣ бохабар гаштанд. Маврид ба зикр аст, ки яке аз самтҳои муҳим ва мавзуи меҳварии рӯзномаи ҷамъомади навбатии афсарони соҳаи ақибгоҳ ин ташкили дурурсти кор ва ба даст овардани ду-се ҳосил дар як мавсим, яъне самаранок истифода бурдани заминҳои хоҷагии ёрирасон буд, ки ба намоиш гузоштани маҳсулоти кишоварзии заминҳои хоҷагӣ аз иҷрои саривақтии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикситон “Дар бораи тақвият бахшидани хоҷагиҳои ёрирасон”-и қисмҳои ҳарбӣ дарак медод.

Ҳамин тавр, зимни ҷамъбасти даври ниҳоӣ масъулини роҳбарикунандаи ҷамъомади таълимӣ-методӣ баромад намуда, ҳадаф аз ташкилу роҳандозӣ намудани ҷамъомади мазкурро ба якдиагр омӯзонидани таҷрибаи кории худ, дар якҷоягӣ ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари ақибгоҳӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати таъминоти хизматчиёни ҳарбии ҳама шохаҳои Аритиши миллии мамлакат арзёбӣ намуданд. Аз ин рӯ, доир ба масоили зикргардида дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби иштирокчиён ё худ ҳайати роҳбарикунандаи соҳаи ақибгоҳии қисмҳои низомии сохторҳои қудратӣ фикру андешаҳои ҷолиб ва қобили дастгирӣ пешниҳод гардид, ки пас аз муҳокимаи умум он якдилона қабул карда шуда, баҳри дар оянда роҳандозӣ намудан ба нақша гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш