01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД НАТИҶАҲОИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ СОЛИ 2016
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

НАТИҶАҲОИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ СОЛИ 2016

Вобаста ба натиҷаҳои даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Вазорати мудофиа ҷамъомади муштарак доир гардид. Дар ҷамъомад муовини сарвазири мамлакат-раиси комиссияи даъвати ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, сардорони раёсату хадамоти дахлдори Вазорати мудофиа ва Ситоди генералӣ, Сарпрокурори ҳарбӣ, масъулини Вазорати тандурустӣ, маориф ва илми ҷумҳурӣ, намояндагони сохторҳои қудратии мамлакат, муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, комиссарони ҳарбии ҷумҳурӣ ва дигар масъулини мақомоти давлатии даъват ширкат намуданд.

Дар ҷамъомади муштараки ҷумҳуриявӣ нахуст вобаста ба Фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва ба эҳтиёт рухсат намудани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муайяншудаи хизматро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба анҷом расонидаанд, мавриди баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дода шуд.

Иштирокчиёни ҷамъомад ҳар яке зимни баромади хеш, сараввал даъвати тирамоҳии соли равонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вобаста ба монеаю мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти баъзе аз мақомоти масъули даъватии шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ карданд. Аз ҷумла, дар ҷамъомад қайд карда шуд, ки ҳамасола новобаста аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар пешравиҳои назаррас, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи бемасъулиятиву хунукназарии баъзе аз комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо ҳамоно як қатор мушкилиҳо ошкор мегарданд, ки ҳалли монеаҳои мавҷуда аз ҳар яки мо масъулияти баландро дар иҷрои вазифаву ӯҳдадориҳои хизматӣ тақозо менамояд. Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки шумораи ҷавонони синну соли даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ хеле зиёд аст ва ин имконият медиҳад, ки аз байни ҷавонони ҳама табақаҳои аҳолии кишвар беҳтаринҳо ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.

Дар охири ҷамъомади мазкур бо мақсади бартараф намудани камбудиву монеаҳои дар боло зикргардида, баҳри дар сатҳи баланд ва бо сифати хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои минбаъдаи даъватӣ, иштирокчиёни ҷамъомад ва масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват бо супоришҳои мушаххас вазифадор карда шуданд.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш