01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД “Ҳифз-2016”
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

“Ҳифз-2016”

05.12.2016, 14:33

Ин чорабинии низомӣ дар асоси супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи иҷрои талаботи нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ташкилу ба роҳ монда шуд. Бо ҳамин тартиб рӯзи 25-уми ноябри соли 2016 соати 6-и субҳ тамоми ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе бо бонги хатари пурраи ҷангӣ бардошта шуда, дар мавзеъҳои мудофиавӣ мавқеъҳои худро ишғол намуданд.

Дар доираи талаботи ишораи ҷангӣ ва нақшаи баргузории ҷамъомади мудофиаи ҳудудиву машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, қувваҳои эҳтиётӣ ё худ шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ буда, техникаҳои хоҷагии халқ ва дигар лавозимоту захираҳои эҳтиётие, ки барои дар сатҳи лозима ташкил намудани ин ҷамъомад заруранд дар нуқтаҳои муаяншудаи ҷамъшавӣ, гирд оварда шуданд. Ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки баталионӣ-тактикии зиддитеррористӣ таҳти роҳбарии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, дар 4 марҳила, дар пойгоҳи чанде аз қисмҳои ҳарбии сохторҳои қудратӣ ва машқгоҳи низомии “Лоҳур”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ба таври назариявию амалӣ ҷараён гирифт. Илова бар ин, ба ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ раисони чаҳор ноҳияи пойтахт, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва сардорони шуъбаҳои сохторҳои қудратии ин минтақаҳо ширкат намуда, онҳо ба машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, сафороиву қадамзанӣ, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, омӯзиши фанҳои дақиқи низомӣ, бо тирпаронӣ аз силоҳи оташфишони сабуки ҷангӣ, техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҳарбӣ ва ба таълимӣ дигар мавзуоте, ки тибқи нақшаи пешбинишуда ба ҷамъомади мазкур марбут мебошад, ҷалб карда шуданд.

Барои дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ мондани маҷмӯи машқҳои муштараки баталионӣ-тактикии зиддитеррористӣ ва сафарбарии нерӯҳои эҳтиётӣ дар пой гоҳи яке аз қисмҳои низомии Қӯшунҳои хушкигард, аз ҳисоби ҷузъу томҳои сохторҳои низомии мамлакат Ситоди муттаҳидаи идории қӯшунҳо таъсис дода шуда буд, ки ҷараёни ҳар як унсури ба машқҳо пешбинишуда назорат ва вобаста ба амали кардани он қарори дахлдор қабул мегардид. Марҳилаи ниҳоии маҷмӯи машқҳои муштараки баталионӣ-тактикии зиддитеррористӣ, дар машқгоҳи низомии Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ бо тирпаронии ҷангӣ ҷамбаст карда шуд. Баҳри назорат аз болои машқҳо вазири мудофиаи мамлакат Шерали Мирзо, ҳайати фармондеҳии Пойгоҳи ҳарбии 201 Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии 17 шаҳру навоҳӣ, роҳбарону намояндагони сохторҳои қудатии мамлакат ва дигар шахсони расмӣ ба машқгоҳ ҷалб гардиданд. Бо назардошти мавзӯъ ва матлаби баргузории тамринҳои муштараки низомӣ, ба машқҳо силоҳу муҳимоти мухталифи оташфишон, авиатсияи ҷангӣ, техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбиву артиллерӣ, автомашинаҳои махсуси зиреҳдорӣ ҳамаҷогард, боркашу нақлиётӣ ва дигар лавозимоти ҳарбӣ, ки дар маҷмӯъ онро беш аз 100 адад ташкил медод, истифода гардиданд.

Дар маҷмӯи машқҳои муштараки баталионӣ-тактикӣ, ҷузъу томҳои навъи қӯшунҳои Вазорати мудофиа, воҳидҳои таъиноти махсуси КДАМ, ВКД, Қӯшунҳои сарҳадӣ, дастаи зудамали наҷотдиҳии махсуси КҲФ ва МГ назди ҲҶТ, Қӯшунҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ ва як ротаи тактикии Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд. Ҳадафи баргузории маҷмӯи машқҳои муштараки баталионӣ-тактикӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, бо ҷалби беш аз 40 ҳазор нафар шаҳрвандону хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ин сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагони машқҳо дар ташкили амалиёти бомуваффақонаи ҷангӣ, ҳамоҳангии сохторҳои низомии мамлакат дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қӯшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи зиддитеррористӣ дар шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди ҷумҳуриро дар бар мегирифт. Зимни натиҷагирӣ аз даври ниҳоии маҷмӯи машқҳои муштарак вазири мудофиаи мамлакат Шерали Мирзо дар назди ҳозирин баромад карда, оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба сиёсати дифоии кишвар ва дар самти баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлат ибрози андеша кард.

Тавре зикр гардид, дар соли равон дар баробари дигар машқҳои низомӣ, чунин машғулиятҳои таълимии ҳарбӣ алакай дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ бо ҷалби тақрибан 100 ҳазор нафар шаҳрвандону сохторҳои низомии мамлакат гузаронида шудаанд, ки дар он зиёда аз 600 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбиву артиллерӣ ва авиатсияи ҷангӣ истифода шуданд. Ҳамзамон, ҳайати фармондеҳии Пойгоҳи 201-уми низомии Федератсияи Россия низ зимни баромади худ ҳамоҳангии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи ҳарду кишварро дар самти муборизаи дастаҷамъона барзиди хатару таҳдидҳои ҷомеаи муосир баланд арзёбӣ намуд. Дар охир фаъолони маҷмӯи машқҳои муштараки баталионӣ-тактикии зиддитеррористии “Ҳифз 2016” бо медалу ифтихорномаҳо, рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш