Ба аввал: Навид Ҷаласаи кишварҳои ИДМ оид ба алоқа
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз102
Дирӯз304
Моҳ4893
Ҳамагӣ184502
Наворҳо

Форум

Ҷаласаи кишварҳои ИДМ оид ба алоқа

17.11.2016 14:17

Дар толори Кохи афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сохторҳои қудратии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти алоқа баргузор гардид. Ҷаласаи мазкурро муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Собирзода Эмомалӣ оғоз намуд.

Зимни баргузории он ибрози назар гардид, ки дар ҷаҳони имрӯз, алоқа яке аз воситаҳои асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб ёфта, дар Қувваҳои мусаллаҳ низ нақши муҳиму арзанда мебозад.

Миёни иштирокчиёни ҷамъомад табодули иттилооту таҷриба аз ҳамдигар, омӯзиши малакаву маҳорати касбӣ, густариши ҳамкориҳо мувофиқ ба талаботи ҷаҳони муосир ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи алоқаи ҳозиразамон, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Қобили зикр аст, ки Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мувофиқгардонии алоқа ба ҷаҳони муосир дар тамоми сохторҳои таркибии хеш пайваста тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо