01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД ҶАМЪОМАДИ ИДОНА
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАМЪОМАДИ ИДОНА

Cохта шуд: 08.11.2016,  14:05

Ҷамъомаде, ки ба муносибати 22-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Вазорати мудофиаи кишвар доир гардид, вазири мудофиа генерал-лейтенант Шерали Мирзо, зимни баргузории он суханронӣ намуда, бо такя аз аҳамияти ҳуқуқии Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии кишвар, нақши ин санади муқаддаси таърихӣ ва сарнавишсозро дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ва бунёди ҷомеаи адолатпарвару иҷтимоӣ ва ягона муҳиму зарурӣ арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон дар ҷаласа ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии вазорат, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва роҳбарони навъҳои қӯшуни Артиши Миллӣ иштирок доштанд. Соли равон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори сеюм тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки он дар ҳаёти сиёсии мардум ва давлати Тоҷикистон навгониҳои зиёдеро рӯйи кор овард, зикр карданд афсарони гуногунрутбаи ин ниҳоди қудратӣ дар ҷамъомад. Албатта, аз давраи муҳокима ва ҷараёни баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ маълум буд, ки ҳадафу моҳияти ягонаи тағйиру иловаҳои навбатӣ ба Конститутсия, ин пеш аз ҳама таҳкиму тақвият бахшидани ҳамаи рукнҳои ҷомеа дар сатҳи зарурӣ ва зиндагии шоистаи шаҳрвандон дар доираи қонуну ҳуқуқҳои конститутсиониро дар бар мегирифт.

Тавре қайд карда шуд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, он 6-уми ноябри соли 1994 тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шудааст, ки дар қатори конститутсияҳои панҷгонаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Маҳз ҳамин Конститутсия, Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуда, эътибори ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишварро дар миқёси ҷаҳон баланд бардоштааст. Дар воқеъ ин санади олии ҳуқуқӣ таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва волоияти қонунро ба миён оварда, дар кишвар фазои сулҳу оромии комилро таъмин намуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки эҳтиром ва арҷ гузоштан ба ин мақаддасоти миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарди ба ору номуси миллат маҳсуб меёбад.

Зеро, он кафили зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шаҳрвандон мебошад. Ҳамин тавр, дар анҷоми чорабинии навбатӣ аз ҷониби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ риояи ҳатмии қонуният, низоми ҳуқуқӣ ва тартиби конститутсиониву оинномавии пешбурди фаъолият таманно карда шуд. Инчунин, дар доираи нақша-чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа низ конфронси илмӣ амалӣ бо иштироки ҳайати устодону донишҷӯён ва намояндагон аз дигар мақомоти қудратии кишвар доир гардид, ки дар ҷараёни он доир ба нақшу арзиши оллӣ ва таъминкунандаи муносибатҳои ҷамъиятиву ҳуқуқӣ будани Конститутсия мулоҳизаронӣ сурат гирифт.

Дар конфронсӣ илмӣ-амалӣ илова гардид, ки яке аз бартариятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар Конститутсияҳои ҷаҳон дар он дониста шудааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эътироф шуда, баробарҳуқуқии ҳама миллатҳо новобаста аз дину нажод таъмин карда мешавад. Қобили қайд аст, ки дар ҳама сохторҳои таркибии Вазорати мудофиаи кишвар ва қисму воҳидҳои низомии ин сохтори қудратӣ, чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 22-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои идона ва бо шукӯҳу шаҳомати тоза доир гардиданд.

Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш