Ба аввал: Навид НАТИҶАИ 30 РӮЗИ ДАЪВАТИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

НАТИҶАИ 30 РӮЗИ ДАЪВАТИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Cохта шуд: 02.11.2016,   15:33

Аз оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 30 рӯз сипарӣ гардид ва то ин дам дар ҷумҳурӣ иҷрои нақша ба 89 фоиз баробар аст. Аз ҷумла, дар ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар вилояти Суғд 92 фоиз, дар гарнизони Хатлон 94 фоиз, дар ВМКБ 100 фоиз, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 95 фоиз ва дар комиссариятҳои ҳарбии чор навоҳии пойтахт 77 фоизро ташкил медиҳад.

Умуман аз оғоз то ин дам, аз маҷмӯи 68 шаҳру ноҳияҳои мамлакат 35 комиссариятҳои ҳарбӣ ва мақомоти масъули вобастаи давлатии даъват дар қаламрави ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гузориш додаанд.

Барои маълумот хотиррасон мекунем, ки дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз 1 – уми октябри соли 2016 оғоз гардида, фаъолияти комиссияҳои даъватӣ то 30 – юми ноябри соли ҷорӣ идома меёбад.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Рӯзномаи “Ҳомии Ватан”

ДАР ИН ШУМОРА:

1. ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

2. БАҲРАБАРДОРӢ АЗ ПАЁМ

3. САМАРАИ ДУ СОЛИ ХИЗМАТ

4. БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ

5. ҶАМЪОМАДИ АМАЛИЁТӢ- САФАРБАРӢ

6. САНҶИШИ МАҲОРАТ

7. БЕ ПИР МАРАВ...

8. РИОЯИ ОДОБИ МУОШИРАТ-АСОСИ ТАРБИЯ

9. ҚАДАМ БА СОЛИ БАРОРҲОИ НАВ