01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ ДАР ҲУДУДИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ ДАР ҲУДУДИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Cохта шуд: 27.10.2016,   16:39

Ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғули- ятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки  амалиётӣ-тактикии зиддитеррористии сохторҳои низомии мамлакат давоми беш аз 10 рӯз дар ҳамоҳангӣ  бо неруҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир гардид. Барои маълумот хотирасон мекунем, ки ин чорабинии низомӣ дар доираи иҷрои талаботи  фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ «Оид ба тасдиқ ва дар амал татбиқ намудани нақшаи  мудофиаи ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ ташкилу ба роҳ  монда шуд.

Бо ҳамин тартиб рӯзи аввал ё худ 20-уми октябри соли 2016 соати 6-и субҳ тамоми ҷузъу  томҳои гарнизони Хоруғ бо бонги хатари пурраи ҷангӣ бардошта шуда, дар мавзеъҳои мудофиавӣ  мавқеҳои худро ишғол намуданд. Барои дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ мондани маҷмӯи машқҳои  муштараки амалиётӣ-тактикӣ ва сафарбарии нерӯҳои эҳтиётӣ дар бинои Комиссариати ҳарбии вилоят ва  дар пойгоҳи яке аз қисмҳои низомии Қӯшунҳои зудамал аз ҳисоби ҷузъу томҳои сохторҳои низомии мамлакат Ситоди муттаҳидаи идории қӯшунҳо таъсис дода шуда буд, ки ҷараёни ҳар як унсури ба машқҳо пешбинишуда, аз тарафи масъулини Ситоди генералии Кувваҳои Мусаллаҳи кишвар назорат ва вобаста ба амалӣ кардани он қарори дахлдор қабул мегардид.

Бо назардошти он, ки силсилаи паҳноии машқхои муштараки низомӣ минтақаҳои сарҳадии ҳудуди ВМКБ-ро бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар масофаи 100 киллометр, бо Давлати Исломии Афғонистон бошад, 857 ва бо Ҷумҳурии Мардумии Чин наздики 500 киллометрро дар бар мегирифт, тибқи талаботи ишораи ҷангӣ ва нақшаи баргузории ҷамъомади мудофиаи ҳудудиву машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ дар ҳудуди тамоми шаҳру ноҳияҳои ин вилоят қувваҳои эҳтиётӣ ё худ шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбибуда, техникаҳои хоҷагии халқ ва дигар лавозимоту захираҳои эҳтиётие, ки барои дар сатҳи лозима ташкил намудани ин ҷамъомад заруранд, дар нуқтаҳои муайяншудаи ҷамъшавӣ, гирд оварда шуданд.

Ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ дар 4 марҳилла, таҳти роҳбарии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, ба таври назариявию амалӣ ҷараён гирифт. Илова бар ин, ба ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ тамоми раисони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва сардорони шуъбаҳои сохторҳои қудратии ин гарнизон ширкат намуда, ба машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, сафороиву қадамзанӣ, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, омӯзиши фанҳои дақиқи низомӣ, ба тирпарронӣ аз силоҳи оташфишони сабуки ҷангӣ, техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҳарбӣ ва ба таълими дигар мавзуоте, ки тибқи нақшаи пешбинишуда ба ҷамъомади мазкур марбут мебошад, ҷалб карда шуданд.

Марҳилаи ниҳоии маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ дар машқгоҳи низомии “Шитхарв”-и ноҳияи Ишкошим бо тирпарронии ҷангӣ ҷамъбаст карда шуд. Баҳри назорат аз болои амалиёти муштараки ҷузъу томҳо вазири мудофиаи мамлакат, намояндаи низомии Артиши озодибахоҳи Ҷумҳурии Халқии Хитой, раиси ВМКБ, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин минтақа, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва дигар шахсони расмӣ ба машқгоҳ омаданд. Ба маҷмӯи машқҳои муштарак, ки он аз рӯи унсурҳои гуногуни зиддитеррористӣ ҷараён гирифт, ҷузъу томҳои таъиноти махсуси сохторҳои низомии гарнизони Хоруғ ва як ротаи тақвиятдодашудаи Артиши озодихоҳи Ҷумҳурии Халқии Хитой бо техникаву лавозимоти мухталифи ҳарбӣ ширкат намуданд.

Дар машқҳо ҷузъу томҳои пиёданизоми мусаллаҳ, бо силоҳу муҳимоти оташфишони низомӣ, авиатсияи ҷангӣ ва зиёда аз 200 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбиву артиллерӣ ва автомобилӣ истифода гардиданд. Ҳадафи баргузории машқҳо, ин пеш аз ҳама, сайқал додани таҷриба ва маҳорату малакаи ҳайати шахсӣ дар ташкили амалиёти бомуваффақонаи ҷангӣ, ҳамоҳангии сохторҳои низомии мамлакат дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, сафарбарии қӯшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи ҷангии зиддитеррористӣ дар минтақаҳои марзӣ, шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди ҷумҳуриро дар бар мегирад.

Зимни натиҷагирӣ аз даври ниҳоии маҷмӯи машқҳои муштарак вазири мудофиаи мамлакат Шерали Мирзо дар назди иштирокчиёни ин чорабинии муҳими низомӣ баромад карда, оид дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, вобаста ба сиёсати дифоии кишвар, самтҳои баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлат ва таҳкиму густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди низомӣ ибрози андеша кард. Тавре зикр гардид, дар соли равон дар баробари дигар машқҳои низомӣ чунин чорабиниҳои таълимии ҳарбӣ, алакай дар гарнизонҳои Хатлону Суғд бо ҷалби зиёда аз 90 ҳазор нафар шаҳрвандону сохторҳои низомии мамлакат гузаронида шудаанд, ки дар он беш аз 600 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбиву артиллерӣ ва авиатсияи ҷангӣ истифода шуданд. Инчунин намояндаи низомии Артиши озодибахши Ҷумҳурии Халқии Хитой ва раиси ВМКБ ба сухан баромада, доир ба моҳият ва ҳадафи баргузории чунин тамринҳои васеи низомӣ ибрози назар карда, онро барои амнияти давлату миллат манфиатбахш арзёбӣ намуданд.

Дар охир фаъолони машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ бо медалу ифтихорномаҳо, рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар охир расми гузашти низомӣ анҷомбахши ин чорабинии муҳими низомӣ дар ҳудуди ВМКБ гардид.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш