01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ «ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ»
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ «ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ»

Бо мақсади густариш бахшидани ҳамкориҳои ҳарбӣ-сиёсӣ чанде қабл дар пойгоҳи низомии «Кемп Эдвардз» штати Массачусетси Штатҳои Муттаҳидаи Америка машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ бо иштироки гурӯҳҳои фаврӣ ва намояндагони Қувваҳои Мусаллаҳи Штатҳои Муттаҳидаи Америка, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон ва Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳамоҳангии минтақавӣ» доир гардид.

Намояндагони низомии давлатҳои ширкатдошта нахуст бо макони баргузории машқҳо ва ҳадафу моҳияти он шинос шуданд, ки аз рӯи матлаби баргузории машқҳои муштарак гӯё дар қаламрави яке аз давлатҳои минтақа бо вуҷуди имзои созишномаи сулҳ миёни ҳокимияти қонунӣ ва гурӯҳи ҷудоихоҳон муноқишаҳои дохилӣ идома дошта, кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ фаро гирифтааст.

Вобаста ба ин, иштирокчиёни машқҳоро зарур меояд, ки дар 4 марҳила тамоми ҷанбаҳои ҳолати бавуҷудомадаро дар ҳамбастагӣ омӯхта, роҳу воситаҳои расонидани кӯмак ва дар ин замина ба эътидол овардани суббот дар ин кишварро муайян намоянд.

Дар марҳилаҳои аввал аз ҳисоби ҳайати шахсии Қӯшунҳои муштарак Ситоди фармондеҳӣ ва гурӯҳи муттаҳида ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳои ба матлаби баргузории машқҳо пешбинишуда ташкил карда шуда, ҳамаи гурӯҳҳо ба иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда омодагӣ мегиранд.

Пас аз гирифтани вазифаҳои муайяншуда гурӯҳҳои муттаҳида маълумотҳои аз сарчашмаҳои гуногун ба даст овардаро таҳлилу баррасӣ намуда, аз натиҷаи бадастомада Ситоди фармондеҳиро дар ҷараён мегузоранд ва робитаи пайвастаро бо тарафҳои муқобил ба роҳ монда, ҳамчун кафили таъминкунандаи амнияти шаҳрвандони мулкӣ баромад менамоянд, то ки ҳадафҳои байналхалқии сулҳҷӯёнаи худро бомуваффақият амалӣ намоянд, ки иҷрои ин гуна вазифаҳо дар марҳилаи асосии машқҳои «Ҳамоҳангии минтақавӣ» мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Ҳадаф аз ташкилу роҳандозии машқҳои муштараки низомии мазкур, агар аз як тараф такмилу тақвият бахшидани қувва ва воситаҳои низомии кишварҳои минтақа ҳангоми таҳдиду хатарҳои эҳтимолии террористию экстремистӣ ва рух додани ҳолатҳои фавқулодда бошад, аз тарафи дигар мустаҳкам намудани ҳамоҳангии фаврии иттилоотӣ дар ин гуна ҳолатҳо бо ҳамдигар мебошад.

Инчунин, дар ҳамбастагӣ ба эътидол овардани бӯҳронҳои сиёсӣ дар заминаи ҳадафҳои сулхоҳонаи кишварҳои ширкатдошта низ яке аз ҳадафҳои дигари ин машқҳо ба назар мерасид.

Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш