01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД ИФТИТОҲИ БИНОИ КОМИССАРИАТИ ҲАРБИИ НОҲИЯИ АЙНӢ
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИФТИТОҲИ БИНОИ КОМИССАРИАТИ ҲАРБИИ НОҲИЯИ АЙНӢ

Дар доираи созандагиву бунёдкориҳо ва анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд бинои  Комиссариати ҳарбӣ аз сифр ва бо тарҳу усулҳои наву замонавӣ бунёд карда шуда, мавриди истифодаи  ҳайати шахсии он қарор дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи бинои нави Комиссариати ҳарбии ноҳияи Айнии вилояти Суғд вазири мудофиаи  ҷумҳурӣ, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия ва сокинони ин минтақа иштирок  доштанд. Роҳбарияти Вазорати мудофиа ва ҳамроҳони ӯ қаблан аз дохил ва ҳудуди бинои Комиссариати  ҳарбӣ дидан ба амал оварда, ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти ҳарбӣ баҳои баланд  доданд ва аз кори анҷомдодаи сохтмончиёни ин бинои хуштарҳу замонавӣ изҳори сипосу миннатдорӣ  карданд.

Қобили зикр аст, ки бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияи Айнӣ аз ду ошёна, утоқи кории афсарону ҳайати шахсӣ, мавзеи аз муоинаи тиббӣ гузаронидани даъватшавандагон, толори маҷлисӣ, нуқтаи навбатдории фаврӣ ва ғайраҳо иборат буда, он тибқи нақшаи корҳои сохумонии масъулини раёсату воҳидҳои тобеи Вазорати мудофиа бунёд карда шудааст. Илова бар ин, дохили бинои Комиссариати ҳарбӣ бо системаи алоқаи муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда, толорҳои кушоду барҳавои он бошад, барои баргузории ҷамъомадҳои гуногуни таълимӣ, аз қабили мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва барои гузаронидани дигар чорабиниҳои нақшавии масъулин пешбинӣ шудааст.

Дар саҳни ҳавлии бинои Комиссариати ҳарбӣ генерал-лейтенант Шерали Мирзо ва раиси ноҳияи Айнӣ дар назди ҳозирин, доир ба иқдому ташаббусҳои бунёдкоронаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ва давлату ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори андеша намуданд. Аз ҷумл қайд карда шуд, ки бо таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва беҳтар гардидани вазъи иқтисодии мамлакат дар баробари пешравиҳои назарраси соҳаҳои гуногуни ҷомеа, дар самти корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла азнавсозии бинову иншоот, роҳҳои нақлиёт ва ҷиҳати бунёди дигар иншооти зарурӣ дар кишвар корҳои бисёр муҳим амалӣ карда мешаванд, ки ин ҳама аз созандагиву бунёдкориҳо самараи соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбуб ва боз ҳам мустаҳкамтар гардидани мустақилияти давлати мо гувоҳӣ медиҳад.

Лозим ба ёдоварист, ки тайи солҳои охир дар натиҷаи боз ҳам беҳтар гардидани вазъи иқтисодии мамлакат ва сиёсати дурандешонаи роҳбарияти давлату ҳукумат дар шаҳру навоҳии мамлакат қисми зиёди биноҳои комиссариатҳои ҳарбии кишвар пурра азнавсозӣ шуда, он тибқи нақшаи сохтмонии Вазорати мудофиа идома дорад.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш